(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altСубҳи имрўз Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо мақсади ошноӣ аз раванди сохтмони иншооти таъиноташ гуногун бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз маҳалли якчанд иншооти дар шаҳр бунёдшаванда боздид намуд.

Маъруф Муҳаммадзода нахуст бо раванди корҳои бунёди бинои баландошёна дар микроноҳияи 18-ум ошноӣ пайдо намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бинои 9 ошёна иборат аз 72 хонаҳои 1, 2 ва 3 хонагӣ бомаром ҷараён дорад. Пудратчии иншооти мазкур ҶДММ “Истиқлол ва КО” буда, сохтмончиён босамар кор карда истодаанд. Қисмати асосии бино бунёд шудааст. Корҳо дар ошёнаи 9-ум бомаром идома дорад.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба масъулини сохтмон ҷиҳати анҷом додани корҳои асосии сохтмонӣ муҳлати муайян дод.

Зимни боздид аз иншооти бунёдшавандаи маркази савдои байналмилалӣ ва хизматрасонии воқеъ дар кўчаи Сирдарёи шаҳр иттилоъ дода шуд, ки иншоот аз 7 ошёна иборат буда, аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Зафар Холиқов бунёд шуда истодааст. Пудратчии сохтмон «Каскад-Хуҷанд» буда, корҳои лоиҳакашӣ аз ҷониби КФД «Лоиҳакаш» анҷом дода шудааст. Айни ҳол беш аз 10 нафар сохтмончиён бо маоши хуб фаъолияти пурсамар доранд. Дар ошёнаи якуми иншоот чойхонаи муосири миллӣ бунёд шуда, дар ошёнаҳои болоӣ маркази савдо ва беш аз 50 адад утоқҳои хизматрасонӣ бо тамоми шароит барои рушду фаъолияти ҷодаи соҳибкории дохилию хориҷӣ пешбинӣ шудааст.

Интизор меравад, ки иншоот дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Иди Наврўзи 2021 мавриди истифода қарор гирифта, беш аз 150 нафар бо ҷойҳои корӣ таъмин мегарданд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба иқдоми соҳибкори ватанӣ изҳори миннатдорӣ намуда, ҷиҳати босифат анҷом додани корҳо ва бо истифода аз унсурҳои миллӣ дар корҳои корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳо дод.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд