(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи Комиссияи шаҳрии мусоидати барўйхатгирии аҳолӣ дар назди Раиси шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла таъкид дошт, ки мутобиқи моддаи 4-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барўйхатгирии аҳолӣ», бо мақсади ба даст овардани маълумот оид ба шумора ва ҷойгиршавии аҳолӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин муайян намудани дурнамои рушди ҷараёнҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва демографӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020» қабул карда шуд. Тибқи Фармони мазкур ташкили корҳои тайёрӣ, гузаронидан, коркард, ҷамъбаст ва нашри натиҷаҳои барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2020, ба зиммаи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст. Бо мақсади амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёрӣ ва гузаронидани барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба гузаронидани барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020», «Дар бораи масъалаҳои комиссияи давлатии мусоидати барўйхатгирии аҳолӣ» ва «Дар бораи гузаронидани барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020» ба тавсиб расидааст. Дар асоси он қарорҳои дахлдори шаҳру вилоят низ интишор гардид. Тибқи қарорҳои ба тавсиб расида аз 1 то 15 октябри соли 2020 санаи гузаронидани барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст.

Сипас, сардори раёсати омори шаҳри Хуҷанд - котиби Комиссияи шаҳрии мусоидати барўйхатгирии аҳолии шаҳри Хуҷанд Садриддин Исомадинӣ аз ҷараёни корҳои иҷрошуда ва омодагӣ барои гузаронидани барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили шаҳри Хуҷанд гузориши муфассал дод.

Иттилоъ дода шуд, ки мувофиқи нақшаи чорабиниҳои Комиссия ташкили корҳои муайянкунии номгўи кўчаҳои маҳаллаҳои дохилишаҳрӣ ва сарҳади онҳо муайян карда шуд. Ҳамчунин бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳр “Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба гузаронидани барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили шаҳри Хуҷанд дар соли 2020” раёсати омор нишондод ва шаклҳои муваққатии ҳисоботиро оид ба пешниҳод намудани маълумотҳо дар бораи рафти иҷроиши корҳои тайёрӣ ба барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили шаҳри Хуҷанд дар соли 2020 шурўъ аз моҳи сентябри соли 2017 ворид намуд. Тибқи шаклҳои ҳисоботии мазкур оид ба рафти корҳои ба тартиб даровардани номи кўчаҳо, рақами хонаҳо дар манзилҳои маҳалҳои шаҳрӣ, лавҳаю рақамгузорӣ, тартиб додани нақшаҳои схематикии маҳалҳои шаҳрӣ ва харитаи шаҳр ва бо роҳи сартосар гаштан дурустӣ ва пуррагии баҳисобгирии ҷории аҳолиеро, ки дар хонаҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматии маҳалҳои шаҳрӣ зиндагӣ мекунанд, маълумот пешниҳод карда шуд.

Ҳамчунин, аз санаи 5 то 20 апрели соли 2020 биноҳои (хонаҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ, бо назардошти ҳуҷраҳо (квартираҳо) дар биноҳои бисёрквартирадор) бо ҷалби 91 нафар кормандони муваққатӣ тариқи планшет ба рўйхат гирифта шуд.

Таъкид шуд, ки ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар қаламрави шаҳр бо ду усул — Интернет-пурсиш ва пурсиш бо истифода аз планшет гузаронида мешавад. Барои истифодаи ҳар ду усул корҳои омодагӣ ба анҷом расида истодаанд. Роҳандозии истифодаи технологияи муосири компютерӣ, Интернет ва планшет дар барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешавад.

Садриддин Исомаддинӣ гуфт, ки таҷрибаи давлатҳое, ки аллакай барӯйхатгириро дар қаламрави ИДМ (аз ҷумла Ҷумҳурии Беларус) гузарониданд, шаҳодати он аст, ки барои кам кардани хароҷоти ин чорабинии муҳими сиёсӣ тавассути ҳамоҳангии вазорату идораҳо бо истифода аз сомонаи мақомоти омори миллӣ, имконияти аз баруйхатгирӣ гузаштани ҳамаи хизматчиёни давлатӣ ва кормандони зертобеи вазорату идораҳо, кормандони низоми тандурустӣ, маориф ва фарҳанг, инчунин корхонаҳои азими саноатӣ ҷой дорад. Зеро ҳамаи технологияҳои зарурии иттилоотию коммуникатсионӣ, аз қабили компютер ва Интернет дар корхонаҳои давлатӣ мавҷуд аст ва танҳо бо ворид шудан ба сомонаи махсуси Агентии омор ва аз қайди зарурӣ гузаштани масъулини муайяннамудаи ин мақомот дастрасӣ ба онҳо дода мешавад. Пешниҳод гардид, ки корхонаю ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият ҷиҳати аз баруйхатгирӣ тавассути Интернет гузаштани кормандон мусоидат намоянд. Зарур шуморида мешавад, ки дар ҳар як мактабу донишгоҳҳои шаҳр ҳуҷраи махсус – терминал бо дастрасӣ ба Интернет таъсис дода шавад. Дар ин ҷода кормандони мақомоти омори давлатӣ омода ҳастанд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро дар ҷойҳо ба роҳ монанд.

Дар ҷараёни ҷаласа ҳамчунин сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҳокимбек Накҳатзода баромад карда, аз ҷумла таъкид дошт, ки аҳамият ва зарурияти барномаи умумиҷаҳонии барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили марҳилаи соли 2020 ҳамчун манбаи маълумот барои банақшагирии самараноки инкишофи иҷтимоию-иқтисодии мамлакат тибқи қарори Шўрои иқтисодӣ – иҷтимоии Созмони Миллали Муттаҳид таҳти 2015/10, аз моҳи июни соли 2015, аз ҷониби Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид дастгирӣ карда шудааст. Мувофиқи тавсияҳои Созмони Миллали Муттаҳид ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барўйхатгирии аҳолӣ» барўйхатгирии аҳолӣ на камтар аз як маротиба дар даҳ сол ё ҳангоми барўйхатгирии навбатии аҳолии ҷаҳон, гузаронида мешавад.

Ҳокимбек Накҳатзода аз фаъолияти назаррас ва намунавии Комиссия дар шаҳри Хуҷандро тавсиф намуда, изҳори боварӣ намуд, ки ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронида мешавад.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ҷаласаи Комиссияи шаҳрии мусоидати барўйхатгирии аҳолӣ дар назди Раиси шаҳри Хуҷандро натиҷагирӣ намуда, ҷиҳати босифат ва дар сатҳи зарурӣ гузаронидани чорабинии сиёсӣ ба масъулини дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд