(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altИмрӯз дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба собиқадорони арсаи меҳнат, ашхоси намоёни давлатӣ кӯмакпулиҳои якдафъаинаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати 29-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.

Муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирўза Нуруллозода нахуст номаи табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи ҳозирин расонида, аз ҷумла зикр дошт, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардуми кишвар арзиши муҳиму олӣ маҳсуб меёбад. Зеро даврони Истиқлолият, ки марҳалаи аз нигоҳи таърих хеле кӯтоҳ вале пур аз ҳаводису рӯйдодҳои муҳиму тақдирсози халқи мо мебошад, мақоми кишварро дар арсаи ҷаҳон ба шоистагӣ муайян сохт, Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ гардид, ҳамкориҳои самарабахши иқтисодӣ ва робитаҳои дипломатиашро бо бисёр кишварҳои ҷаҳон роҳандозӣ намуд. Дар натиҷаи фароҳам омадани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, ки арзишҳои бисёр азизу муқаддас маҳсуб ёфта, ҳифзу гиромидошти он вазифаи ҳар шаҳрванди бонангу номус маҳсуб меёбад, заминаҳои боэътимоди барпо кардани ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд ва дунявӣ гузошта шуд.

Имрӯз сокинони вилоят чун тамоми мардуми меҳнатқарини Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ободии Ватани маҳбубамон саъю талош намуда, ҷиҳати дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани шуҳрати кишварамон сарбаландона меҳнат мекунанд.

Сипас, ба собиқадорони арсаи меҳнат, ашхоси намоёни давлатии шаҳри Хуҷанд кӯмакпулиҳои якдафъаинаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба андозаи 500 сомонӣ тақдим карда шуд. Бояд қайд намуд, ки аз ин иқдоми Роҳбарияти вилоят 36 нафар собиқадорони шаҳри Хуҷанд бархўрдор шуданд.

Нависанда Маъруф Бобоҷон чунин ғамхориҳоро самараи Истиқлолият дониста, миннатдории собиқадорони арсаи меҳнатро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки маҳз ба шарофати Истиқлолият мо ба марҳилаи сифатан нав расидем ва зиндагии орому озод ва хуррамона дорем.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд