(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altҲамарўза дар ҷаласаҳои Ситоди вилоятӣ ва шаҳрӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавируси КОВИД-19 масоили марбут ба гирифторшавӣ ба ин беморӣ ва роҳҳои ҳалли он мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

Таҳлилҳо собит менамоянд, ки афзоиши шумораи гирифторони коронавирус ва манбаъҳои нави хуруҷ аксар вақт бо ҷойҳои ҷамъшавии одамон вобаста мебошанд. Ин ҷо сухан дар бораи тўйхонаҳо, тарабхонаҳо ва клубҳои шабона меравад.

Ҳарчанд ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 меъёрҳои иштироки шаҳрвандонро дар маъракаҳои маросими тўй аниқу дақиқ намуда бошад ҳам, мутаассифона ин муқаррарот риоя нашуда, бо теъдоди зиёди меҳмонон сурат гирифта, ҳатто меъёрҳои оддии санитарӣ ва қоидаҳои беҳдоштӣ риоя карда намешаванд.

Тибқи супориши Раиси шаҳри Хуҷанд, Раиси Ситоди шаҳрӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавируси КОВИД-19 як рейди кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд дар макони баргузории тўю маъракаҳо собит намуд, ки аз ҷониби роҳбарони тарабхонаю тўйхона ва соҳибмаъракаҳо тавсияҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя карда намешаванд. Чунин чорабиниҳо бо омилҳои хатарҳои мавҷуда гузаронида мешаванд, ки дар ин ҳолат сироятёбӣ аз эҳтимол дур нест.

Бояд қайд намуд, ки дар баъзе аз кишварҳои ҷаҳон мавҷи дуюми бемории сироятии COVID-19 ба қайд гирифта шудааст ва мутахассисони соҳаи тиб сабаби хуруҷи навбатиро дар омилҳои гуногун, аз ҷумла беэътиноии аҳолӣ ба қоидаҳои беҳдоштии шахсӣ ва ҷамъиятӣ, аз қабили истифодаи ниқоб ва рияи ҳатмии фосилаи иҷтимоӣ арзёбӣ мекунанд.

Мутаассифона, вақтҳои охир дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон низ сокинон ба риояи ин қоидаҳо бепарвоӣ зоҳир мекунанд, ки ин барои пешгирии бемории сироятии COVID-19 халал ворид карда, имкони паҳн гаштани ин вирусро ба миён меорад.

Нисбати якчанд нафар моликони тарабхонаву тўйхонаҳо протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қисми зиёди онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом дода шуд.

Аз шаҳрвандон эҳтиромона даъват ба амал меорем, ки ҳангоми гузаронидани тӯю маъракаҳо ва маросими дафн риояи қоидаҳои пешгирикунанда ва зиддиэпидемикиро фаромўш насозанд, зеро саломатӣ ганҷинаи пурқимати умр аст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд