(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Раиси шаҳри Хуҷанд дар парваришгоҳи наврасони душвортарбия.Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо вазъи тарбияи наврасон ва шароити зисти онҳо ба Маркази солимгардонии норасоӣ ва ҳифзи кӯдакони шаҳри Хуҷанд омад. Дар маркази мазкур 44 наврасони аз 10 то 17 солаи душвортарбия ва аз оилаҳои вазъи иҷтимоиашон ноустувор таълиму тарбия мегиранд.
Аз онҳо 18 нафарашон аз волидайнашон маҳрум буда, ба тарбияи шабонарӯзӣ фаро гирифта шудаанд. Тарбиятгирандагони боқимонда бошад, дар маҳфилҳои рӯзонаи марказ тарбияи махсуси парасторону мураббиёнро мегиранд.
Раиси шаҳри Хуҷанд бо роҳбарияти ин тарбиятгоҳ сӯхбат намуда, дастур дод, барои ислоҳи рафтору ахлоқи наврасон аз таҷрибаи бойи зиндагӣ истифода бурда, баҳри ба камол расидани онҳо чун шахсиятҳои сазовори ҷомеа ҳамеша кӯшиш намоянд. «Вазифаи мо насли калонсол, баҳри ислоҳи ин гуна наврасони душвортарбия муҳити солиму бомаърифатро фароҳам овардан аст. Зеро ҳоло имкон барои ба роҳи дуруст ҳидоят намудани онҳо мавҷуд аст», қайд намуд Раҷаббой Аҳмадзода.
Раиси шаҳри Хуҷанд кӯдакону наврасони муассисаро бо Рӯзи байналмиллалии ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон табрик намуда, ба онҳо тансиҳатию комёбиҳои зиндагиро орзу намуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмон ғамхорию парастории кӯдакони ниёзмандро ҳамеша зери таваҷҷӯҳи хосаи худ қарор доранд.
Бинобар он Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, нисбати муаммоҳои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон бетараф нестанд», илова намуд ба суханони табрикотии худ Раҷаббой Аҳмадзода.
Ба маркази мазкур аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, кӯмаки яквақтинаи маводи озуқа - орд, шакар, равған, анвои дигари хӯрданӣ супорида шуд.
Бо мусоидати тарбиятдиҳандагон наврасони марказ бахшида ба Рӯзи байналмиллалии ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон барномаи адабӣ-консертӣ намоиш доданд.