(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд корҳои ободонию бунёдкорӣ бомаром идома дорад. Дар ин радиф дар тамоми маҳаллаҳои шаҳр тадбирҳои ободонӣ, бунёди иншооти таъиноташ гуногун ва таъмини зиндагии шоистаи мардум бо василаи муҳайё намудани мавзеъҳои истироҳатию фароғатӣ роҳандозӣ гардидааст.

Вусъати корҳо дар хиёбони Раҳмон Набиев, корҳои тозакунии ду тарафи соҳили дарёи Сир, таровати нав бахшидан ба кўчаи Исмоили Сомонӣ, кабудизоркунии атрофи театри Хоҷа Камоли Хуҷандӣ аз тадбирҳои муҳими бунёдкорӣ дар ин самт арзёбӣ мешаванд.

Насби шиору овезаҳои маъракаҳои муҳими сиёсию фарҳангӣ, аз ҷумла интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 700 солагии Хоҷа Камоли Хуҷандӣ ба ҳусни шаҳр фазои идона мебахшанд.

Гузашта аз ин аз ҷониби кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд ташкили як силсила чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ ва маъракаҳои ободонӣ ба зебову пуртароват гардидани шаҳри бостонии Хуҷанд мусоидат намуда истодаанд.

Аз ҷумла, зимни баргузории як семинар дар Боғи Камоли Хуҷандӣ таҳти унвони «Табиати биҳиштосо-заминаи асосии рушди сайёҳӣ» бо иштироки масъулини мақомоти ҳифзи муҳити зист, сайёҳӣ, донишҷўён ва ширкатҳои сайёҳӣ масъалаҳои рушди экологии сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон бо табиати биҳиштосо, кӯҳҳои осмонбӯсу рӯдҳои беинтиҳо ва кӯлҳову чашмаҳои мусаффояш ҳамеша таваҷҷуҳи оламиёнро ба худ ҷалб менамояд ва муаррифии онҳо ба сайёҳон имрӯз таваҷҷуҳи боз ҳам бештарро тақозо менамояд. Рӯду чашмаҳои обшори Тоҷикистон на танҳо манбаи обҳои хуштаъму покизаи ошомиданиянд, балки ҳар яке зеботарин падидаи табиатанд, ки бинандаро мафтун месозанд. Маҳз ҳаминҳоянд, ки диққати сайёҳони ҷаҳонро ба худ ҷалб кардаанд. Шӯҳрати мавзеъҳои дидании Тоҷикистон, хусусан бо шарофати обшору чашмасоронаш, манбаъҳои шифобахши обаш кайҳост дар байни сайёҳони ҷаҳон паҳн гардидааст. Дарёи Сири шаҳри Хуҷанд низ аз муъҷизаи нотакрори табиат арзёбӣ гардида, барои ҳамешагӣ тозаву озода нигоҳ доштани он ва ҷалби сайёҳон ба ин зебогии шаҳр масъулияти шаҳрвандии моро тақозо менамояд.

Сипас дар доираи барномаи семинари номбура аксияи «Соҳили тоза» бо иштироки кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист, сохторҳои ободонӣ, кумитаи маҳаллаи «Раззоқ» ва беш аз 30 нафар донишҷўён баргузор гардида, соҳили дарёи Сир аз ҳама гуна партов ва алафҳои худрўй тоза карда шуд.

Ин ҳама тадбирҳо имкон медиҳад, ки шаҳри бостонии Хуҷанд ба яке бузургтарин шаҳрҳои сайёҳии Тоҷикистон мубаддал гардида, барои муаррифии бештари табиати нотакрор ва маконҳои таърихию фарҳангии миллати тоҷик ба сайёҳон заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд