(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар асоси супориши Раиси вилояти Суғд, Раиси Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавируси КОВИД-19 Раҷаббой Аҳмадзода ва нишондодҳои Раиси шаҳри Хуҷанд Раиси Ситоди шаҳрӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавируси КОВИД-19 Маъруф Муҳаммадзода дар майдони Регистон ва бозори марказии «Панҷшанбе» аз ҷониби кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд бо ҷалби нозирони минтақавӣ ҷиҳати риояи қоидаҳои беҳдошти ҷамъиятӣ рейди назоратӣ гузаронида шуд.

Маълум гардид, ки то ҳол аксарияти фурўшандагон ва харидорон қоидаҳои оддии беҳдоштиро риоя намекунанд. Бахусус реҷаи ниқобӣ риоя нашуда, шаҳрвандон озодона бидуни ниқоб хариду фурўш менамоянд. Ин дар ҳолест, ки чунин мавзеъҳо хатарзо буда, омили асосии хуруҷи бемориҳои сироятӣ шуда метавонад. Аксарият ниқобҳои гигиении худро дар борхалта, кисса ва ҳатто дар зарфҳои чиркин нигоҳ медоранд, ки истифодаи он аз нигоҳи беҳдоштӣ тамоман мумкин нест.

Таъкид гардид, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази маъмурии вилоят Суғд-шаҳри Хуҷанд барои пешгирии интиқолу сирояти беморӣ аз тамоми имкониятҳо истифода гардида истодааст.

Бо назардошти вазъи мавҷуда зикр карда шуд, ки Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд тасмими гирифтааст, ки чунин рейдҳоро мунтазам гузаронад.

Ҳолати ошхонаҳои ҳудуди бозори мраказии «Панҷшанбе» собит намуданд, ки моликони чунин нуқтаҳои хизматрасонӣ ҷиҳати риояи гигенаи шахсӣ, қоидаҳои санитарӣ, масофаи муқарраршуда, истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ ва маводи антисептикӣ масъулияти эҳсос намекунанд ва ба тавсияҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз паси панҷа нигоҳ мекунанд. Фаъолияти якчанд ошхонаҳо бинобар риоя нашудани беҳдошти ҷамъиятӣ муваққатан қатъ карда шуд.

Зимни санҷиш дар марказҳои дилхушии шаҳр собит гардид, ки мардум то ҳол то кадом андоза ҷиддӣ ва хатарнок будани бемории сироятиро дарк накардаанд ва нисбати саломатии хеш беэътиборӣ зоҳир менамоянд.

Бо роҳбарони марказҳои дилхушӣ, ки тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавируси КОВИД-19 амалӣ намесозанд, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, барои ислоҳи камбудиҳо муҳлат дода шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд