(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар толори Кохи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд даври шаҳрии озмуни «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» баргузор гардид, ки дар он беш аз 50 нафар довталабон аз рўйи номиннатсияҳои гуногун бо ҳам дар рақобат шуданд.

Бояд қайд намуд, ки озмуни «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои дахлдори Раиси вилояти Суғд ва Раиси шаҳри Хуҷанд бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии онҳо, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди асарҳои нави мусиқӣ, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эъмори давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон баргузор гардид.

Ҳамин тавр, аз рўйи “Жанри навозандаи академикӣ” Ҳамдамова Ширин, Акрамова Сурайё, Ансамбли “Созҳои халқӣ” коллеҷи санъати ба номи С. Ҳофиз, Сатторов Обидҷон ва Абдурахимова Замира, аз рўйи номиннатсияи “Жанри навозандаи эстрадӣ” Ӯрунов Муродҷон, Шубин Тимофей, Улмасов Хушбахт ва Раҷабов Рустам, аз рўйи “Жанри навозандаи анъанавӣ” Ҳамроева Садоят, Ёрматов Фарҳод, Саидхӯҷаева Дилшода, Негматов Фозилҷон, Алиматов Одилҷон, Ансамбли “Сайҳун”, тибқи номиннатсияи “Жанри сарояндаӣ анъанавӣ” Сардор Солиев, Турсунов Абдумалик, Раҳимова Гулчеҳра, Маризоев Абдусалом ва Ғаффоров Бахтовар, аз рўйи номиннатсияи “Жанри сарояндаӣ академикӣ”, Ҳакимов Ширу, Сангинов Фирдавс ва Шерабдуллоев Ашурмуҳаммад, аз рўйи шарти “Жанри сарояндаи эстрадӣ” Ансамбли “Навои ҷавонӣ”, Ҳамдамова Сарвиноз, Сатторова Махсуда, Багирова Яня, Саидзода Абӯбакр ва дар номиннатсияи “Жанри композиторӣ” Эшназаров Илҳом мутаносибан ҷойҳои ифтихориро ба даст оварданд.

Фирўза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Тоҷикистон - Ватани азизи ман»-ро аз номи Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода табрику таҳният гуфта, ба ғолибон диплом ва маблағҳои пулиро тақдим намуд.

Ғолибони даври шаҳрии озмуни «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» кунун дар даври вилоятии озмун маҳорати хешро месанҷанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд