(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” таҷҳизоти безараркунандаи худкореро ихтироъ намуданд, ки ҷиҳати пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва таъмини риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дар давраи мубориза ба бемории сироятии коронавирус (Covid -19) равона карда шудааст.

Ташаббускорони ин ихтироъ чор нафар устодони ҷавони факултет Нуриллоев Хушбахт, Сабуров Ихтиёр, Саидвалиев Аъзам ва Халилов Қурбон буда, ҳамакнун таҷҳизоти мазкур дар долони факултети телекоммуникатсия ва технологияи иттилоотӣ насб ва мавриди истифода қарор гирифтааст.

Таҷҳизот тоза намудани дастонро бо истифода аз маҳлули безараргардонӣ (антисептик) ба таври худкор таъмин намуда, барои пешгирӣ аз гирифторшавӣ ба бемориҳои сироятӣ аҳамияти муфид дорад.

Дар назар аст, ки ин дастгоҳи безараргардонии худкор бо мукаммалгардонии минбаъда дар тамоми долонҳои биноҳои таълимии донишгоҳ насб карда мешавад.

Гуфта мешавад, ки таҷҳизоти мазкур нахустин ихтироъ дар донишгоҳ маҳсуб меёбад, ки дар самти таъмини беҳдошти солимӣ дар давраи мубориза бо бемории сироятии коронавирус мавриди татбиқ ва истифода қарор гирифтааст.

Он дар доираи маҳфили инноватсионии донишгоҳ аз ҷониби устодони факултети телекоммуникатсия ва технологияи иттилоотии донишгоҳ ихтироъ шуда, безараргардонии дастонро ба таври худкор таъмин менамояд.

Шоистаи таъкид аст, ки дар асоси дастуру супориши Ситоди донишгоҳӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус ҷиҳати ҳифз ва беҳдошти саломатии устодон ва донишҷӯён тадбирҳои муҳим ва зарурӣ роҳандозӣ шуда, биноҳои таълимӣ бо ҳамшираи шафқат,дастгоҳи ҳароратсанҷи электронӣ, маҳлулҳои безараргардонӣ, хлор, спирт, собун, ниқоби муҳофизатӣ ва дастпӯшак таъмин мебошанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд