(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар хобгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ мулоқот оид ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ҷиҳати пешгирӣ аз бемории сироятии короновирус баргузор гардид.

Муовини директори донишкада оид ба корҳои тарбия Гулшан Довудов чорабиниро ифтитоҳ намуда, ҳадафи онро шарҳ дод.

Таъкид шуд, ки бемории сироятии коронавирус аз одам ба одам бо роҳи қатраӣ — ҳавоӣ интиқол меёбад. Ғайр аз ин, COVID-19 на танҳо ҳангоми сулфа ва ё зуком фаъолона паҳн мешавад, балки ҳангоми нафаскашӣ — яъне бо усули ба истилоҳ — аэрозолӣ низ тавсеа меёбад. Аз ин лиҳоз донишҷўёнро зарур аст, ки қоидаҳои беҳдоштиро қатъиян риоя намуда, барои солимии худ аз василаҳои гуногуни обутоби бадан ва дигар роҳҳои баланд бардоштани иммунитет истифода намоянд.

Сипас Мусобек Мироватов, раиси Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маорифи вилоят баромад намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки танҳо бовару эътиқод ба давлату ҳукумат, азми дурусту саъйи комил ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушди устувор ва роҳ надодан ба навмедию рўҳафтодагӣ моро ба манзили мақсуд мерасонад. Ташаббуси дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эълон кардани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ манфиатовар будани худро дар шароити иҷбории гўшанишинӣ ва карантини нарм бори дигар собит намуд. Риоя намудани тавсияҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарти муҳим ва зарурӣ дар мубориза бо ин вабои аср аст.

Зикр гардид, ки роҳи афзалиятноки мубориза бо тавсеъаи COVID-19 мисли пештара бояд чораҳои эҳтиётӣ — аз ҷумла, фосилаи иҷтимоӣ ва пӯшидани ниқобҳои муҳофизатӣ бояд боқӣ бимонанд.

Номбурда зарурати обу тоб додани бадан ва машқҳои ҷисмониро, ҳамчун омилҳои пурқувваттарини таҳкими системаи эминии бадан таъкид намуд.

Дар охир ба бошандагони хобгоҳ ниқоб ва маводҳои безараргардонӣ тақдим карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд