(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд ҷиҳати фаҳмонидани моҳияти тантанаҳои 5500 солагии Саразми бостонӣ ва 700-солагии шоири барҷастаи тоҷик Камоли Хуҷандӣ ва ҳамчунин пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, аз қабили эктремизму терроризм, шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротгаро мулоқот баргузор гардид.

Гавҳар Умарова, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд мулоқотро оғоз намуда, аз ҷумла афзуд, ки шаҳраки бостонии Саразм бо бозёфтҳои нодиру нотакрораш дар байни ёдгориҳои аҳди қадим ҷойгоҳи хосаеро соҳиб буда, ҳамасола мавриди таваҷҷуҳи олимон ва сайёҳони зиёди гӯшаву канори дунё қарор мегирад. Чун дар асоси хулосаи бостоншиносон, маданияти шашуму панҷуми ҳазорсолаи ниёгонро давраи тараққиёти ҷамъияти замони энеолит- асри сангу мис меҳисобанд, ин давраи ибтидоии ташаккули тамаддуни инсоният мебошад. Мардуми Саразми қадим соҳиби фарҳанги воло, маданияти пешрафтаи шаҳрсозиву кишоварзӣ буданд. Ҳамин аст, ки таърихшиносон ин шаҳракро ватани аввалин муҳандисони Осиёи Миёна медонанд. Ба оламиён муаррифӣ кардани осори илмиву адабӣ ва намунаҳои фарҳанги тоҷикон ҳамчун миллати соҳибмаърифату тамаддунсоз, шаҳрсозу шаҳрдор ва соҳиби девону дафтар аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини мо ба ҳисоб меравад. Яке аз чунин мероси гаронбаҳо Саразми бостонӣ мебошад, ки дер боз дар маркази таваҷҷуҳи ҷаҳониён қарор дорад.

Вобаста ба 700 солагии Камоли Хуҷандӣ таъкид шуд, ки шоири ширинкалом Хоҷа Камоли Хуҷандӣ дар мактаби бузурги адабии шоирони форсу тоҷик — Рўдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Умари Хайём, Низомӣ, Аттор, Саъдӣ, Ҷалолиддини Румӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Ҳасани Деҳлавӣ ва дигарон тарбия ёфта, бо эҷодиёти худ манфиати камбағалону косибон ва деҳқононро ҳимоят карда, дар ғазал бештар ба Аттор, Саъдӣ, Ҷалолиддини Румӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ ва Ҳасани Деҳлавӣ пайравӣ мекардааст, ки ин матлабро худи ў борҳо ёдоварӣ мекунад. Ҳунари шоирии ў низ дар ғазалсароист ва ў мисли Ҳофиз устоди ғазал аст. Осори Камолро ҳам мисли осори Ҳофиз асосан ғазал ташкил мекунад. Камоли Хуҷандӣ дар таърихи адабиёти классикии форсии тоҷикӣ хамчун устоди ғазал эътироф гардидааст. Мавзӯи ғазалиёти шоир гуногунранг буда, тамоми мавзӯьҳои ҳаётиро фаро гирифтааст. Ба монанди дигар шоирон мавзӯи асосии ғазалиёти шоир ин ишқ аст, махсусан ишки чавонӣ, ки аз тарафи шоир тавсиф карда шудааст. Аз назари шоир ишку муҳаббат ҳатто ба писарону мӯйсафедон низ ҷавонӣ мебахшад.

Сипас, устоди ДДҲБСТ Нарзулло Ахмедов роҷеъ ба пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, аз қабили экстремизму терроризм, шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротгаро баромад намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки тарбияи дурусти насли наврас ва воқиф намудани онҳо аз авзои кунунии ҷомеаи ҷаҳон вазифаи на фақат омўзгорон балки аҳли ҷамоатчигӣ, пеш аз ҳам падару модарон аст.

Номбурда таъкид намуд, бахусус ҷавонон, ки ояндаи миллату давлат мебошанд, бояд дар ҳамкорӣ бо милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии ҷиноятҳо пешсаф бошанд. Мо бояд барои нигоҳ доштани дастовардҳои беназири мамлакат – сулҳу ваҳдати миллӣ, ки маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, ҳамчунин ҷиҳати таҳкими Истиқлолияти давлатӣ бо дарки баланди масъулият фаъолият намуда, ба халқу Ватан содиқона хизмат намоем.

Аз ҷумла, зикр шуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҳашт сол қабл бо ташаббуси Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод ва қабул гардид. Ҳадаф аз он пешгирии ҷинояткориву бадахлоқӣ дар байни кӯдакону наврасон, боло бурдани сатҳи таълиму тарбия ва масъулияти волидайн дар ин самт аст.

Тавре Пешвои миллат иброз дошта буданд, «Мо бояд як чизро амиқ дарк намоем, ки дар тарбияи инсон, пеш аз ҳама ва беш аз ҳама, оила нақш мегузорад ва ҷараёни ташаккули ҳамаи хислатҳои неку бади инсон асосан дар оила ибтидо мегирад. Ба дарки ин масъала падару модарон бояд масъулияти бузургро, ки дар тарбияи фарзандони худ ба дӯш доранд, пурра эҳсос кунанд.

Зимни ибрози андеша, гуфта шуд, ки то қабули қонуни мазкур баъзе аз волидайн ҳатто намедонистанд, ки фарзандони онҳо ба мактаб мераванд ё не. Вақти холигиро дар куҷо, бо киҳо мегузаронанд ва чӣ гуна ахлоқ, одобу таҳсил доранд. Ин ҳамаро кори мактабу омӯзгорон медонистанд. Фарзандони онҳо то нисфи шаб дар интернет-кафеҳо ба бозиҳои гуногуне, ки ба тарбияи онҳо таъсири бад мерасонид, машғул мешуданд, ки дар натиҷа миёни онҳо низоъ ва занозанӣ сар мезад. Шабҳо дар кӯчаҳо овора гаштани кӯдакон зиёд ба назар мерасид. Аксари волидайн ба маҷлиси падару модарони фарзандон намеомаданд. Натиҷаи беаҳамиятӣ ва бемасъулиятии баъзе аз падару модарон он шуд, ки фарзандони онҳо ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ шомил шуда, ҳаёти худро зери хатар гузошта, ба оила иснод оварданд.

Қабули қонун, хушбахтона, он ҳама бетартибиро аз байн бурд. Падару модарон ҳам дарк намуданд, ки онҳо дар баробари мактаб ва омӯзгорон дар таълиму тарбияи фарзандон бояд масъулият эҳсос намоянд. Таҷриба низ нишон медиҳад, ки танҳо ҳамон кӯдаконе ба таҳсил эътибори ҷиддӣ дода, соҳиби ахлоқ ва дониши хуб мегарданд, ки зери назорату раҳнамоии ҳамешагии ҳам мактаб ва ҳам волидайн қарор доранд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд