(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон, даври аввали озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон-Ватани азизи ман" дар асоси ҷадвали тасдиқгардида, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд моҳҳои июл ва августи соли равон баргузор мегардад. Фарҳангчиёни шаҳри Хуҷанд, бо гузаронидани машқҳо дар Кохи фарҳанги "Суғдиён" ба озмуни мазкур омодагӣ мебинанд.

Интизор меравад, ки даври шаҳрии озмуни "Тоҷикистон-Ватани азизи ман" санаи 27.08.2020. соати 9:00 дар Кохи "Суғдиён" баргузор шавад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд