(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

altСубҳи имруз Раиси вилояти Суғд, Раиси Ситоди вилоятӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд, Раиси Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» Маъруф Муҳаммадзода аз донишгоҳҳои олии шаҳри Хуҷанд боздид намуданд.

Зимни боздид аз ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров иттилоъ дода шуд феълан дар донишгоҳ 18 факултетҳо бо фарогирии беш аз 22 ҳазор нафар донишҷўён амал намуда, тибқи меъёрҳои ҷаҳонии таълиму тадрис мутобиқ сохтани тарбияи мутахассисон, таҳсил ва маълумоти бисёрзинагӣ, аз ҷумла бакалавр, магистр, мутахассис ба роҳ монда шудааст. Ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ фаъолияти худро барои тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ва лаёқатманду сазовор баҳри эҳтиёҷоти ҷумҳурӣ равона кардаанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз раванди таълим дар факултетҳои забонҳои хориҷӣ ва забонҳои шарқ ошноӣ пайдо намуд. Маълум гардид, ки раванди таълим тибқи талабот ва тавсияҳои и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.

Раҷаббой Аҳмадзода устодону донишҷўёнро бо соли нави таҳсил табрику таҳният гуфта, дар ҷараёни таълим риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштиву санитариро тақозо намуд Таъкид гардид, ки барои ҳифзи саломатии устодону донишҷӯён тамоми тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шавад.

Ҷиҳати риояи гигиенаи шахсӣ, масофаи муқарраршуда, истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ ва маводи антисептикӣ, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ба фаъолияти ҳамарўза мубаддал гардад. Дар самти тозагии бинову иншоот, санҷиши ҳамарӯзаи ҳарорати бадани устодону донишҷӯён, захираи маҳлулу маводи безараркунанда чораҳои дахлдор андешида шавад.

Аз ҷониби роҳбари вилоят ба ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров як қатор китобҳои тозанашр ва маҳлулҳои безараркунанда, ниқобу маводи антисептикӣ туҳфа карда шуд.

Зимни шиносоӣ бо раванди таълиму тарбия дар ДДҲБСТ маълум гардид, ки роҳбарияти ин муассисаи олӣ тамоми тадобирро барои ҳифзи сиҳатии донишҷўён ва устодон андешидааст. Тавсияҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даромадгоҳҳои биноҳои таълимӣ, синфхонаҳо насб гардида, навбатдорон иҷрои онро аз ҳамагон тақозо менамоянд. Феълан дар донишгоҳи мазкур 6 факултет бо фарогирии беш аз 8000 нафар донишҷў таҳсил менамоянд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар факултети ҳуқуқшиносии ин донишгоҳ бо фаъолияти Маркази омўзиши Аврупо, лабараторияи криминалистӣ, ки бо таҷҳизоти муосир ҷиҳозонида шуда буд, ошноӣ пайдо кард. Донишҷўён дар дарсҳои амалӣ бо истифода аз технологияи муосир донишҳои назариявиро татбиқ менамоянд. Раҷаббой Аҳмадзода дар ҷараёни дарси ҳуқуқшиносони оянда иштирок намуда, донишҷўёнро ба омўзиши амиқи донишҳои муосири ҳуқуқи ҳидоят намуда, риояи қоидаҳои беҳдоштиро тадбири муҳими имрўзаи сиҳатии омма донист.

Ҳангоми суҳбат бо устодони варзидаи донишгоҳ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода таъкид дошт, ки бо назардошти вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, паҳншавии пандемияи бемории сироятии короновирус ва таъсири омилҳои беруна мо ҷиҳати пешгирии ин бемории сироятӣ ҳамеша омода бошем. Ҳаргиз ба ваҳму воҳима дода нашавем. Беморӣ табобатшаванда аст. Оғози соли хониши нав дар муассисаҳои олии шаҳри Хуҷанд беш аз 69 000 нафар донишҷўён ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Ин масъулини дахлдорро водор месозад, ки ҷиҳати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ зиракиро аз даст надиҳанд. Кўшиш бояд намуд, ки дар сурати сироятёбӣ кўмакҳои аввалияи тиббӣ раоснида шавад.

Дар ин ҷо низ аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ДДҲБСТ як қатор китобҳои тозанашр ва маҳлулҳои безараркунанда, ниқобу маводи антисептикӣ тақдим карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд