(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altРаиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар микроноҳияи 12-уми маҳаллаи Тиллокони шаҳр муассисаи нави таълимӣ-гимназияи “Эҳёи маънавият”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Иттилоъ дода шуд, ки гимназияи “Эҳёи маънавият” аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Нуринисо Ҷўраева дар бинои 4 ошёнагӣ таъсис ёфта, аз 33 синфхона, толори тамрин, майдончаи варзишӣ, ошхона, толори фарҳанг ва дигар инфрасохтори таълимӣ иборат мебошад. Алҳол дар соли хониши 2020-2021 ҳамагӣ 40 нафар хонандагон ба синфҳои 1, 2, 3, 5 ва 6 қабул шудаанд. 18 нафар кормандон, аз ҷумла 12 нафар омўзгорон бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд. Таҳсил пурра шартномавӣ буда, маблағи он бидуни хўрока 720 сомониро ташкил медиҳад. Дар гимназияи “Эҳёи маънавият” зимни таҳсил ба омўзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони олмонӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда мешавад.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода хонандагонро бо Рӯзи дониш, дарси сулҳ, оғози соли нави хониши 2020-2021 ва таъсиси боз як муассисаи нави таълимӣ табрику таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки Давлату ҳукумат бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илму маориф эътибори махсус дода, барои пешрафти ин соҳаи афзалиятнок тамоми чораҳои заруриро меандешанд. Таҷрибаи мавҷудияти инсоният собит месозад, ки афроди босаводу донишманд барои ҳар давлату миллат сарвати бебаҳо ва нерӯи тавонои зеҳнӣ ба шумор меравад, бинобар ин, дар асоси таҷрибаи таърихиву арзиш- ҳои миллӣ тарбия намудани насли ояндасоз вазифаи ҷонии устод, омӯзгор ва мураббӣ маҳсуб меёбад.

Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки соли ҷорӣ аз сабаби дар тамоми ҷаҳон, аз ҷумла, дар кишвари азизамон паҳн гардидани бемории коронавирус навъи COVID-19 Рӯзи дониш ба 17-уми август рост омад. Албатта, он рӯз дур нест, ки ҳамаи мо дар сарҷамъию муттаҳидӣ бар ин бемории сироятӣ ғолиб меоем ва ба зиндагии босаодати хеш идома мебахшем.

Таъкид шуд, ки чун анъана Рӯзи дониш бо дарси сулҳ оғоз меёбад, зеро ду мафҳум - дониш ва сулҳ бо ҳам тавъам мебошад. Ин аст, ки бо дониши қавӣ ва пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар остонаи 29-солагии он қарор дорем, ба садсолагиву ҳазорсолагӣ хоҳад расид. Ҳифзи сулҳу оромӣ ва дигар арзишҳои миллӣ аз остонаи кӯдакистонҳову мактабҳои миёна ва олӣ сарчашма мегирад ва дар ин кори муқаддас саҳми шумо, устодону омӯзгорон ва мураббиён хеле калон аст.

Шаҳрдор аз ин иқдоми соҳибкори ватанӣ Нуринисо Ҷӯраева изҳори хушнудӣ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки дар иҷрои нақшаи чорабиниҳои 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми чунин соҳибкорони бонангу номус хеле назаррас буда, бо мусоидати эшон ҳамасола садҳо иншоооти таъиноташ гуногун дар шаҳр сохта ба истифода дода мешавад.

Сипас дар вазъияти тантанавӣ гимназияи “Эҳёи маънавият” расман ифтитоҳ гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз синфхонаҳо ва толори фарҳанги муассисаи таълимӣ ошноӣ пайдо намуда, бо хонандагони синфи якум суҳбати озоду самимӣ намуд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки алҳол дар шаҳри Хуҷанд 48 мактаб ва 46 кўдакистонҳои давлатию хусусӣ ва маркази таҳсилоти иловагӣ бо фарогирии беш аз 50 ҳазор нафар хонандагону тарбиятгирандагон фаъолият доранд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд