(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altБарои татбиқи босамари сиёсати давлат дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар шаҳри Хуҷанд тадбирҳои амалӣ андешида мешавад.Танҳо давоми 7 моҳи соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд 10 адад майдончаҳои варзишӣ сохта ба истифода дода шуданд.

Дирўз дар бинои 4-и микроноҳияи 18-и маҳаллат Мевағули шаҳри Хуҷанд бо иқдоми сокинони маҳалла майдончаи варзишии назди бино мавриди азнавсозӣ қарор гирифта, ба истифода дода шуд.

Майдончаи мазкур бо таҷҳизоти лозимии варзишӣ муҷаҳҳаз гардида, ҳудуди он бо гулу буттаҳои сабз оро дода шудааст. Дар ин майдонча наврасону ҷавононони маҳалла метавонанд ҳамарўза ба бозиҳои гуногуни варзишӣ ва тарбияи бадан машғул гарданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд