(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altТабибони ҳозиқ, кормандони соҳаи тандурустии шаҳр!

Аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд шумо, табибони арҷманд, ҳамшираҳои шафқат ва собиқадорони соҳаро бо иди касбиатон самимона табрику муборакбод гуфта, бароятон умри дароз, саломатӣ, рӯзгори ободу осуда ва тамоми хушиҳои оламро таманно дорам.

Шумо, табибони азиз, чун Абӯалӣ ибни Сино барои табобати душвортарин бемориҳо даст ёфтаед ва роҳи ҳалли муаммоҳои сарбастаро пайдо кардаед. Имрӯзҳо, ки бемории коронавируси навъи COVID-19 ҷаҳонро фаро гирифтааст, шумо бори дигар исбот кардед, ки дар касби худ содиқу воқеан, вориси арзандаи Синои бузург мебошед. Дар давраҳои мушкилтарин дар паҳлӯи беморон қарор гирифта, тавонистед ҷони ҳазорон нафарро аз марг наҷот диҳед. Бо соҳибтаҷрибагӣ, донишу малака ва усулҳои вижа ҷони хешро ба хатар гузоштед ва ҷони беморонро харидорӣ намудед. Эҳсос мешуд, ки тамоми амали шумо бо эҳсоси баланди ватандӯстию инсондӯстӣ анҷом меёбад. Шумо чун афсару аскар дар набард будеду бо душмани инсоният – COVID-19 дастбагиребон мешудед. Аҳсант бар шумо, табибони донишвару ҷасур!

Бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати пешгирии паҳншавии ин бемории сироятӣ тамоми тадбирҳои зарурӣ сари вақт андешида шуда истодаанд ва заҳмату талошҳои шумо, ҷонфидоёни соҳа қадр мегарданд.

Ба соҳаи тандурустӣ, ки соҳаи афзалиятноки ҷомеа маҳсуб меёбад, давлату ҳукумат таваҷҷӯҳи доимӣ зоҳир менамояд. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон таъкид мекунанд: «Ҳукумати мамлакат тамоми чораҳоро андешида истодааст, то рушди соҳаи тандурустӣ таъмин карда шавад ва сокинони мамлакат ба хизматрасонии босифат ва муосири тиббӣ дастрасӣ дошта бошанд».

Дар ҳақиқат, рушди бомаром ва ҳадафмандонаи соҳаи ҳифзи сиҳатии омма ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, ҷорӣ намудани усулҳои муосири табобат, тавсеаи шаклҳои мухталифи хизматрасонӣ ва таблиғи тарзи ҳаёти солим, шароити мусоид фароҳам меорад.

Айни ҳол тавассути амалӣ гардонидани тадбирҳои зарурӣ, дастрасии кӯмакҳои аввалияи тиббию санитарӣ ба аҳолии кишвар беҳтар гашта, бунёди иншооти муосири тиббӣ ва таъмин намудани онҳо бо технологияҳои навтарини ташхису табобат бомаром идома дорад.

Дар ҳамаи муассисаҳои тиббии шаҳри Хуҷанд муҷаҳҳазгардонии дастгоҳҳои муосири техникии тиббӣ бештар гашта, барои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам оварда шуда истодааст.

Илова ба ин, сол аз сол ҳаҷми солонаи маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети шаҳр дар доираи Барномаи дарозмуддати рушди соҳаи тандурустӣ зиёд гашта, давоми даҳ соли охир маблағгузорӣ ба ин соҳаи ҳаётан муҳим аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳр - 6,2 маротиба афзуда, он аз 7,8 миллион сомонии соли 2009 ба 48,7 миллион сомонӣ то соли 2019 расонида шуд.

Дар шаҳри Хуҷанд 16 муассисаи тиббӣ, аз ҷумла 1 таваллудхона, 3 беморхона, 6 маркази саломатӣ, стансияи ёрии таъҷилӣ, дармонгоҳи стоматологии бачагона, маркази мубориза бар зидди бемории сил, муассисаи давлатии “Маркази дастгирии оила ва кӯдак”, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ фаъолият дошта, дар онҳо беш аз 2236 нафар корманд адои вазифа дорад.

Аз шумораи умумии табибон бо дараҷаи олӣ 299 нафар, дараҷаи якум 57 нафар ва дараҷаи дуюм 19 нафар буда, 41 нафар бо унвони Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 16 нафар бо унвони номзади илми тиб, 6 нафар бо унвони Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 7 нафар дорандаи Медали “Шафқат” ва 3 нафар профессор фаъолият дорад, ки боиси ифтихор ва сарфарозии мо мебошад.

Ҳамшаҳриёни азиз, кормандони тиб!

Эътимоди комил дорем, ки ҷавобан ба ғамхориҳои давлату ҳукумат, кормандони соҳаи тандурустии шаҳр барои баланд бардоштани дараҷаи хизматрасонии тиббӣ ва ба ҳаёт татбиқ намудани тарзу усулҳои нав ба нави муолиҷа, пешгирии интишори бемориҳои сироятӣ ва мустаҳкам гардонидани саломатии аҳолӣ кӯшиш ба харҷ дода, ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас пешвоз мегиранд.

Бо ҳамин ниятҳои нек, бори дигар ҳамаи шумо – кормандони соҳаи тибро, ки дар давраҳои ҳассосу душвор қарзи имонию инсонӣ ва рисолати фарзандию шаҳрвандии худро собитқадамона иҷро намуда, бо амри дил ба мардум хизмат карда истодаед, бо иди касбиатон табрик гуфта, дар кори боифтихору пурмасъулиятатон комёбиҳо орзу мекунам.

Ҳамеша тансиҳату хонаобод бошед!