(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар Боғи Абумаҳмуди Хуҷандии маркази вилоят ҷаласаи сайёри Ситоди вилоятӣ таҳти роҳбарии муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ бо ҷалби кормандони марказҳои саломатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот, устодони донишгоҳҳои олӣ, азҳоби сиёсӣ, ҷавонони фаъол, занон ва ғайраҳо сурат гирифт.

Муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ зимни баромади худ аз ҷумла таъкид дошт, ки бояд корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ҷиҳати пешгирии сироятёбии сокинон аз бемории COVID-19 пурзур карда шаванд.

Зикр гардид, ки айни ҳол дар давлатҳои ҳамсоя мавҷи дувуми бемории сироятии COVID-19 хуруҷ дорад, ҳолати дубораи карантинӣ ҷорӣ шудааст. Ҳамаруза аз ҷониби кормандони соҳаи тандурустӣ чораҳои зиддиэпидемикӣ, дарёфт, ташхис ва муолиҷаи беморони коронавируси нави COVID-19 роҳандозӣ гардида, ҳамзамон бо ҷалби фаъолон ва ризокорону табибони оилавӣ гаштҳои хонагӣ, назорати бемороне, ки дар хона табобат мегиранд, дар маҳаллаҳои шаҳр корҳо вусъат дода шудаанд.

Зайнура Азимӣ гуфт, ки яке аз роҳҳои асосии пешгирии ин ҳолат риояи гигиенаи шахсӣ, истифода аз ниқобҳои тиббӣ ва маҳлулҳои антисептикӣ, тоза нигоҳ доштани муҳити зист, пайваста шустани дастон бо собун ва риояи фосила маҳсуб меёбанд ва онро мо бояд то ба шуури шаҳрвандон расонем. Мутаассифона, айни ҳол на ҳама сокинон ва меҳмонони шаҳр талаботи ҳатмиро риоя мекунанд. Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, имрӯзҳо аксар вақт дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва серодам ҳолати бениқоб гаштугузор кардани шаҳрвандон ва риоя накардани фосилаи иҷтимоӣ ба назар мерасад, ки аз беэҳтиётӣ ва нописандӣ дарак медиҳад.

Ҳолатҳои бениқоб равуо намудани мардум бе риояи фосилаи муқарраргардида дар кӯчаву хиёбон, бозорҳо, назди банкоматҳо ва нақлиёти ҷамъиятӣ бештар мушоҳида мешавад. Хусусан дар нақлиёти ҷамъиятӣ чунин ҳолат бештар чашмрас аст. Бар замми он, ки фосила дар нақлиёти номбурда риоя намегардад, инчунин, на ҳама ниқоби тиббӣ доранд.

Нозирони минтақавӣ иттилоъ доданд, ки ҳамарўза тибқи қонунгузорӣ ашхоси бениқоб ҷаримабандӣ шуда истодаанд, рейдҳои махсус дар тарабхонаву ошхона ва маконҳои дилхушӣ сурат гирифта истодааст ва он дар оянда идома хоҳад ёфт.

Муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ ҷоннок намудани корҳоро дар дохили нақлиёти ҷамъиятӣ низ муҳим арзёбӣ кард. Ронандаҳо бояд аз мусофирон риояи талаботро таъмин намоянд, вагарна нисбати онҳо низ чораҳои маъмурӣ андешида шавад.

Сипас, гуруҳҳои тарғиботӣ ба кучаву маҳаллаҳои "Дустии халқҳо", "Сайҳун", Суғдиён" ва "Навбаҳор" барои пеш бурдани корҳои тарғиботӣ сафарбар карда шуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд