(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБахшида ба Рузи варзишгарон дар майдони футболи мактаби варзишии №1-и шаҳри Хуҷанд байни наврасони соли таваллудашон 2007-2009 мусобиқаи футбол баргузор гардид.

Дар ҷамъбасти он Фируза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд иштирок ва ғолибон қадршиносӣ гардиданд. Ғолибони мусобиқа бо Ҷом, диплом ва ифтихорнома қадршиносӣ гардиданд. Ҳамин тавр, мақоми аввалро дастаи "Хуҷанд 2", ҷойи дуюмро дастаи "Хуҷанд 1" ва зинаи сеюмро гимназияи ба номи Гёте ба даст оварданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд