(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрўз аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд, Раиси Федератсияи футболи шаҳр Маъруф Муҳаммадзода дар хиёбони Истиқлоли маҳаллаи Суғдиёни шаҳр майдончаи нави варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки майдончаи варзишии навбунёд бо иқдоми Федератсияи футболи Тоҷикистон бо саҳмгузории соҳибкори ватанӣ Фирдавс Баротов тибқи талаботи меъёрҳои муосири сохтмонӣ сохта шуда, дарозӣ ва паҳноии он 50 ба 20 метрро ташкил медиҳад.

Раиси шаҳри Хуҷанд, Раиси Федератсияи футболи шаҳр Маъруф Муҳаммадзода ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, масъулини соҳаро ҷиҳати тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш, хусусан миёни ҷавонону наврасон ҳидоят намуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни мулоқот бо наврасону ҷавонон гуфт, ки ин ҳама ободкориҳо бо дастгирии Асосгузору сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор омада, аз насли ояндасози кишвар даъват ба амал овард, ки аз чунин имкониятҳои мусоид васеъ истифода намоянд, то ҳама намуди варзиш, аз ҷумла футбол дар шаҳр рушди ҳамаҷониба пайдо намояд.

Шаҳрдор гуфт, ки соҳаи варзиш чун омили камолоти ҷисмонӣ ва тавоноии мардуми диёр пазироӣ ва мавриди таваҷҷўҳу эътибор қарор дода шудааст. Воқеан, варзиш дар ҳар давру замон қосиди сулҳу дўстӣ ва муаррификунандаи ҷаҳони маънавию солимии миллату давлат буд ва минбаъд низ боқӣ хоҳад монд.

Сипас Маъруф Муҳаммадзода ба бозии дўстонаи тими наврасон ҳусни оғоз бахшид.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд