(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд соҳибкорони шаҳри Хуҷанд, ки дар самти истеҳсолот, савдо ва хизматрасонӣ фаъолият мебаранд, бо гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот баргузор гардид, ки дар он Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ иштирок намуданд.

Маъруф Муҳаммадзода, Раиси шаҳри Хуҷанд чорабиниро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла афзуд, ки бо мақсади иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тасмим гирифта шудааст, ки дар минтақаҳои ҷумҳурӣ корҳои фаҳмондадиҳиро вобаста ба имтиёзҳои аз ҷониби Ҳукумати кишвар дар вазъияти паҳншавии бемории сироятии «Ковид-19» ба соҳибкорон додашуда, барпо намояд.

Зикр гардид, ки вобаста ба вазъи санитарию эпидемиологии ҷаҳон, дар мавриди паҳншавии бемории сироятии “Ковид-19”, дар кишвари мо низ дар самти рушди иқтисодиёт душвориҳо ба вуқўъ пайваста, бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии соҳибкорон якчанд имтиёзҳо роҳандозӣ гардид. Аз ҷумлаи ин дастгириҳо ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июни соли 2020 таҳти №1544 “Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии “Ковид-19” ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Имрўз дар доираи Фармони мазкур субъектони соҳибкорӣ имкон пайдо карданд, ки дар самти супоридани андозҳои давлатӣ, иҷорапулии объектҳои давлатӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ имтиёз ё таътил гирифта, вазъи иқтисодии худро муътадил нигоҳ доранд.

Боиси қаноатмандист, ки таваҷҷўҳи давлату Ҳукумати кишвар, аз ҷумла Пешвои муаззами миллат ба рушди иқтисоди миллӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, имрўз тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ба фаъолияти бемайлони худ баргаштанд. Новобаста аз ин, ҳоло муаммоҳо доири баъзе аз самтҳо мавҷуд буда, масъулини соҳаро зарур аст, ки барои баромадан аз вазъияти ба амаломада якҷоя бо сохторҳои дахлдори давлатӣ ва субъектҳои дахлдор корбарӣ намоянд.

Сипас, муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ баромад намуда, ҳадаф аз баргузории чунин мулоқотҳоро баррасии мушкилоти ба миёномада, роҳҳои ҳалли он бо иштироки бевоситаи шахсони масъули давлатӣ арзёбӣ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки Давлату Ҳукумат баҳри рушди бемайлони соҳибкорӣ имтиёзу сабукиҳои зиёдро пешниҳод намудаааст, ҳамзаомн аз соҳибкорон даъват ба амал моранд, ки фаъолияти худро шаффоф ва дар асоси талаботи қонунгузории кишвар ба роҳ монанд.

Тазаккур дода шуд, ки дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ ва содироткунандагон аз Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ сарчашма мегирад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ изҳор дошта буданд, ки «ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки барои дастгирии соҳибкории хурду миёна, махсусан дар соҳаҳои истеҳсолӣ ва содироткунандагони ватанӣ ҷиҳати иҷрои вазифаҳои Фонди дастгирии соҳибкорӣ бонк таъсис диҳад. Ҳамзамон бо ин зарур аст, ки барои фаъолияти самарабахши қарздиҳии ин бонк ҷудо кардани маблағ аз буҷети давлат ҳамасола зиёд карда шавад».

Сипас, сардори Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёр Яздонзода ва дигарон баромад намуда, дар бораи рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон ва имтиёзоти пешбинишуда маълумоти муфассал дод.

Зикр гардид, ки Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бояд якҷо бо сохтору мақомоти дахлдори давлатӣ ва ғайридавлатӣ минбаъд низ ҷиҳати баланд бардоштани мақоми истеҳсолкунанда дар кишвар, ҳамаҷониба дастгирӣ намудани истеҳсолкунандагони ватанӣ ва ташкили марказҳои рушди захираҳои инсонӣ барои хизматрасонӣ ба соҳибкорону сармоягузорон тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд. Зеро бо татбиқи чунин нақшаи амал мо метавонем ба баланд бардоштани саҳми бахши хусусӣ дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар, таъсиси ҷойҳои кори доимӣ ва боз ҳам беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ муваффақ гардем.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд