(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altТавре ки иттилоъ дода будем, моҳи май ва июн бо ибтикори Маркази таҳсилоти иловагии вилоят озмуни фосилавии иншои беҳтарин дар мавзуҳои "Ваҳдат - кафили сулҳ" ва "Тозагӣ - гарави саломатӣ" бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ҳимояти Раëсати маорифи вилоят ташкил ва баргузор гардид. Ба кумитаи тадорукоти озмун 478 иншо аз 18 шаҳру ноҳияҳои вилоят ворид гардида, дар натиҷаи баррасӣ озмун чунин натиҷагирӣ шуд.

Имрўз дар Маркази таҳсилоти иловагии вилоят бо иштироки сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода ва директори Маркази таҳсилоти иловагии вилоят Фирдавс Ашўрматов бо ҳузури ғолибони озмун, волидайн ва омўзгорон маросими супоридани Диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ дар вазияти тантанавӣ баргузор гардид.

Сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода аз ин иқдоми Маркази таҳсилоти иловагии вилоят ва иштироки фаъолонаи мактабиён дар озмун тавсиф намуда, зикр дошт, ки чунин корҳои эҷодӣ ба васеъ гардидани ҷаҳонбинӣ ва амиқ омўхтани донишҳо ва муҳимтар аз ҳама таҳкиими Ваҳдати миллӣ мусоидат хоҳад намуд.

Сипас дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибон диплому туҳфаҳои хотиравӣ ва фаъолон Сипосномаҳо тақдим карда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки озмуни иншои фосилавии дигар аз ҷониби Раёсати маорифи вилоят бахшида ба 29 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Мо насли истиқлолем” аз руйи номиннатсияҳои гуногун эълон гардид ва он дар арафаи Рўзи Истиқлолият натиҷагирӣ хоҳад шуд.

Ҳамин тавр:

А) ИНШОИ БЕҲТАРИН ДАР МАВЗУИ: "Ваҳдат - кафили сулҳ" то 13 сола

Ҷойи 1. Лайло Қӯзибоева – МТМУ№8, синфи 4 шаҳри Хуҷанд

Ҷойи 2. Камолзода Хуршед – МТМУ№30 синфи 6 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Ҷойи 3. Асатуллоев Беҳруз - МТМУ №7, синфи 7 ноҳияи Шаҳристон

Ҷойи 3 Меҳрангез Абдуллоева – МТМУ№26, синфи 7 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Б) ИНШОИ БЕҲТАРИН ДАР МАВЗУИ: "Ваҳдат - кафили сулҳ" то 18 сола

Ҷойи 1. Комрон Юсуфов - Литсейи №1 синфи 8 шаҳри Хуҷанд

Ҷойи 2. Малика Турсунова - Литсейи №1, синфи 11 шаҳри Бустон

Ҷойи 2 Шукрона Муродова – МТМУ№1, синфи 10, шаҳри Панҷакент

Ҷойи 3. Малика Махсумова – МТМУ№38, синфи 9 ноҳияи Деваштич

Ҷойи 3. Марям Мамадқулова - МТМУ №5, синфи 10 шаҳри Гулистон

В) ИНШОИ БЕҲТАРИН ДАР МАВЗУИ: "Тозагӣ- гарави саломатӣ" то 13 сола

Ҷойи 1 Фарангиз Фаррухзода - 7 сола шаҳри Бустон(хурдтарин иштирокчии озмун)

Ҷойи 1 Зафари Муҳаммадсалим - синфи 6 МТИ№4 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Ҷойи 2 Нушини Ховар - синфи 6 МТМУ№1 ноҳияи Айнӣ

Ҷойи 3 Сабоҳат Эргашева - синфи 6 МТМУ№39 шаҳри Истаравшан

Г) ИНШОИ БЕҲТАРИН ДАР МАВЗУИ: "Тозагӣ- гарави саломатӣ" то 18 сола

Ҷойи 1 Шаҳроми Маъмур - МД "Мактаб барои хонандагони болаëқат"- и шаҳри Хуҷанд, синфи 7

Ҷойи 2 Наргиза Азизова - Литсейи №2 синфи 10 ноҳияи Ашт

Ҷойи 2 Хуршедзода Парвина – МТМУ№ 25, синфи 8 шаҳри Конибодом

Ҷойи 3 Мадалиева Шамсия – МТМУ№7,синфи 11 ноҳияи Ашт

Ҷойи 3 Сабрина Файзиева – МТМУ№10, синфи 11 МТИ #4 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

Ҳамзамон расми беҳтарин дар мавзуҳои "Ман дар хона ба кори модарам ëрӣ мерасонам", "Тозагӣ-гарави саломатӣ", "Ваҳдат - кафили Сулҳ" ташкил ва баргузор гардид. Озмун хеле дар сатҳи баланд ташкил карда шуда, иштироки густардаи хонандагон дар озмун аз ҳисси баланди ватандустӣ ва ифтихор аз арзишҳои милливу башарии насли ояндасози миллат гувоҳӣ медиҳад. Лозим ба ëдоварист, ки тарақи шабакаҳои иҷтимоии вайбер, вотсап, имо, фейсбук ба кумитаи тадорукоти озмун 1033 адад расмҳо аз 412 хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят ворид гардид. Дар натиҷаи ҷамъбасти озмун чунин натиҷа ба даст омад.

А) РАСМИ ФОСИЛАВИИ БЕҲТАРИН ДАР МАВЗӮИ " ВАҲДАТ - КАФИЛИ СУЛҲ" то 13 сола

Ҷойи 1. Сумаяхон Мӯсоева - хонандаи синфи 2, МТМУ#14 шаҳри Хуҷанд

Ҷойи 2. Имомҳусайн Ҳусайнов - синфи 6, МТМУ №82, шаҳри Панҷакент

Ҷойи 2. Раупова Бихалича - синфи 6, МТМУ#26 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Ҷойи 3. Ваҳобов Ҷасурбек - хонандаи синфи 6, МТИ ш. Конибодом

Ҷойи 3. Абдуллоева Меҳрангез - хонандаи синфи 6, МТИ н. Бобоҷон Ғафуров

Б) РАСМИ ФОСИЛАВИИ БЕҲТАРИН ДАР МАВЗӮИ " ВАҲДАТ - КАФИЛИ СУЛҲ" то 18 сола

Ҷойи 1. Шаҳзод Каримов - хонандаи синфи 8, Гимназияи 13 шаҳри Хуҷанд

Ҷойи 1. Хайриев Зафарҷон - хонандаи синфи 7, МТИ#1 ш. Панҷакент

Ҷойи 2. Ҷураева Нозия - хонандаи синфи 7 Литсейи №1 шахри Бӯстон

Ҷойи 2. Абдуқодирова Ҳабиба - хонандаи синфи 9, МТИ н. Спитамен

Ҷойи 3. Зокирова Сарвиноз - хонандаи синфи 8, Гимназияи #1 шаҳри Хуҷанд

В) РАСМИ ФОСИЛАВИИ БЕҲТАРИН ДАР МАВЗӮИ "МАН ДАР ХОНА БА КОРИ МОДАРАМ ËРӢ МЕРАСОНАМ" то 13 сола

Ҷойи 1. Олимзода Муаттара - хонандаи синфи 6, МТМУ#5, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Ҷойи 1. Ҷанобилова Суман - синфи 6, МТМУ#6 шаҳри Панҷакент

Чойи 2. Мирзоалиева Нилуфар - хонандаи синфи 4, МТМУ#8, шаҳри Хуҷанд

Ҷойи 2. Мухайё Норқӯзиева - хонандаи синфи 5, МТМУ#35 шаҳри Конибодом

Ҷойи 3. Мирзоев Фариддун - хонандаи синфи 6, МТИ Н. Мастчоҳ

Ҷойи 3. Ҳусайн Ғафурӣ - хонандаи синфи 6 МТУҒ Ирфон шаҳри Хуҷанд

Г) РАСМИ ФОСИЛАВИИ БЕҲТАРИН ДАР МАВЗӮИ "МАН ДАР ХОНА БА КОРИ МОДАРАМ ËРӢ МЕРАСОНАМ" то 18 сола

Ҷойи 1. Неъматзода Нигора - хонандаи синфи 8, Литсейи 1 шаҳри Хуҷанд

Ҷойи 1. Ҳамроқулов Аброр - хонандаи синфи 9 Литсейи 1 ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ҷойи 2. Муҳаммадқулов Муҳаммад - хонандаи синфи 7, МТМУ #30 ноҳияи Деваштич

Ҷойи 2. Яҳёева Гулафзо - хонандаи синфи 8, МТМУ#32 шаҳри Истаравшан

Ҷойи 3. Раҳимова Зилола - хонандаи синфи 11 МТИ шаҳри Конибодом

Д) РАСМИ ФОСИЛАВИИ БЕҲТАРИН ДАР МАВЗӮИ "ТОЗАГӢ - ГАРАВИ САЛОМАТӢ" то 13 сола

Ҷойи 1. Ҳошимова Фараҳноз - хонандаи синфи 2, Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд

Ҷойи 2. Ваҳобова Асмоа - хонандаи синфи 4, МТМУ#67 шаҳри Исфара

Ҷойи 2. Олимова Онаҷон - хонандаи синфи 5, МТМУ #26 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Ҷойи 3. Усмонова Мехрангез - синфи 6, МТМУ #10 шаҳри Хуҷанд

Ҷойи 3. Кравчук Давид - хонандаи синфи 6, МТМУ#14, шаҳри Гулистон

Е) РАСМИ ФОСИЛАВИИ БЕҲТАРИН ДАР МАВЗӮИ "ТОЗАГӢ - ГАРАВИ САЛОМАТӢ" то 18 сола

Ҷойи 1. Абдуқайюмов Суҳроб - хонандаи синфи 8, МТМУ #1, ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ҷойи 1. Ёрматова Фараҳноз - хонандаи синфи 7, Литсейи #2 ноҳияи Ашт

Ҷойи 2. Фархундахон Қурбонбобоева - хонандаи синфи 8, МТМУ#18, ноҳияи Шаҳристон

Ҷойи 3. Исомҷонова Фариза - Аъзои маҳфили "Рассомони чавон" - и МТИ ш. Конибодом

Ҷойи 3. Аминҷонов Санҷарбек - синфи 7, МТМУ#16 ноҳияи Ҷаббор Расулов

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд