(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altРаиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода 7 нафар муҳассилини макотиби шаҳри Хуҷанд, ки аз рӯйи натиҷаҳои ҷамъбасти соли таҳсили 2019-2020-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои таълимиашонро бо медалҳои тилло ва нуқраро хатм намуданд, ба ҳузур пазируфт.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ин дастоварди мактабиёнро натиҷаи назарраси заҳмати омўзгорон ва худи хонандагон арзёбӣ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки парвариш ва ташаккули шахсиятҳои босаводу соҳибмаърифат вазифаи асосӣ ва муҳимтарини мактабу маориф ба шумор меравад. Бо иқдомоти пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди пайвастаи мактабу маориф таваҷҷуҳи рӯзмарра зоҳир карда мешавад ва маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Давлат муайян шудааст. Дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати босифат амалӣ гардидани сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давра ба давра тадбирҳои муҳим андешида шуда, аз ҷумла доир ба ҳадафҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» тадбирҳои зарурӣ татбиқ гардида истодаанд. То ба имрўз таҳкими заминаҳои муосири моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ бахусус кабинетҳои фаннӣ аз нақшаи пешбинишуда барзиёд иҷро гардида, корҳо дар ин самт боз идома дорад.

Шаҳрдор зимни суҳбати озоду ошкоро бо ғолибони озмун, аз ҷумла Султон Сатторов, хонандаи гимназияи №1, Раҳимҷон Ҳакимов, Меҳрангез Зоҳирова муҳассилини литсейи физикӣ-математикии №1 ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ва Таҳмина Холиқова толибаи МТУҒ «Гёте», Мунзифа Эргашева, хонандаи литсейи ДДҲБСТ, Мадина Абдувоҳидова ва Аминҷон Шерматов литсейи донишкадаи политехникӣ аз идомаи таҳсили эшон дар донишгоҳҳои олӣ ва нақшаву орзуҳояшон пурсон шуда, барои ба воя расидан ва аз худ намудани касбҳои интихобкардааш ҳидоятҳо намуд. Хонандагон барои таваҷҷуҳи доимӣ ва дастгирӣ ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосгузорӣ намуданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар озмуни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои медалҳои тилло ва нуқра 17 нафар хонандагони шаҳри Хуҷанд довталаб буданд. Ва аз миёни онҳо 7 нафарашон соҳиби медалҳои тилло ва нуқра шуданд. Бояд қайд намуд, ки соли гузашта аз шаҳри Хуҷанд аз рӯйи натиҷаҳои хатми соли таҳсил ҳамагӣ 3 нафар соҳиби медалҳои тилло ва нуқра гашта буданд.

Соли ҷорӣ ҳамагӣ аз вилояти Суғд 15 нафар соҳиби медалҳои тилло ва нуқра гардиданд, ки 7 нафарашонро хонандагони шаҳри Хуҷанд ташкил медиҳанд.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба ғолибони озмун медалҳои тилло ва нуқра тақдим карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд