(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДар назди майдони Китобхонаи оммавии вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирии шаҳри Хуҷанд маросими оғози расмии ярмарка-фурўши либосҳои ягонаи мактабӣ ва лавозимоти хониш баргузор гардид.

Дар ярмарка аз ҷониби корхонаҳои саноатӣ, коргоҳҳои истеҳсоли либосҳои мактабӣ, соҳибкорони инфиродӣ либосҳои мактабӣ, аспобу анҷоми мактабӣ ва дигар лавозимоти хонишро барои шаҳрвандон аз бозр 10-20 фисад арзон манзур намуданд.

Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд баъди шиносоӣ бо маҳсулоти пешкашгардидаи ярмарка-фурўши либосҳои ягонаи мактабӣ ва лавозимоти хониш назди ҷамъомадагон баромад намуда, аз ҷумла қайд кард, ки басо рамзист, ки дар арафаи ҷашни бузурги миллат - таҷлили 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати соли хониши нав дар шаҳри Хуҷанд ярмаркаи сару либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш гузаронида мешавад. Аз ин рў, мо бояд дар ин рўзҳои пур аз шодию нишот ҳама якдилу якҷон камари ҳимматро мустаҳкам баста, софдилона баҳри рушду нумўи ҳамаҷонибаи кишвари азизи худ заҳмат кашем. Мо хуб эҳсос мекунем, ки ояндаи ҷамъият дар дасти насли нав – кўдакону наврасон мебошад. Тавре, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушду инкишофи мактабу маориф баён доштаанд: «Дар шароити кунунӣ баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот вазифаи аввалиндараҷаи кормандони соҳаи илму маориф мебошад.»

Фирӯза Нуруллозода гуфт, ки омўзгорон ва толибилмони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд ҳамасола баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода кўшишу ғайрат намуда, баҳри дар амал татбиқ намудани Дастурамали Вазорати маориф ва илми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи либоси тавсиявии хонандагони муассисаҳои таълимӣ” иқдомҳои нав ба навро пеш гирифта истодаанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо мақсади таъмини хонандагони мактабҳо бо либоси ягонаи мактабӣ ва бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар ниҳоди хонандагон тасмим гирифт, ки ҳар як мактаб дар намуди алоҳида соҳиби либоси мактабии худ гардад. Ин буд, ки муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати бо либоси ягонаи мактабӣ таъмин намудани хонандагон дар ҳамкорӣ бо 9 коргоҳҳои дўзандагии шаҳр корбарӣ намуда истода, дар ин бора шартномаҳои дутарафа ба имзо расонида шудааст. Бояд қайд кард, ки дар соли таҳсили 200-2021 ба 21 739 нафар хонандагон дўхтани либоси ягонаи мактабӣ ба нақша гирифта шудааст.

Изҳори умедворӣ карда шуд, ки либоси ягонаи мактабӣ тафовути иҷтимоии байни хонандагонро аз байн мебарад ва шогирдони мо бо дарки масъулияти баланд собитқадамона дар ҷодаи илму донишомўзӣ қадамҳои устувор мегузоранд.

Сипас, туҳфаҳои Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба миқдори 150 адад либосҳои мактабӣ ба кўдакони камбизоат ва ятим тақдим карда шуд.

Бояд қайд намуд, ки ярмарка-фурўши либосҳои ягонаи мактабӣ ва лавозимоти хониш то оғози соли нави хониши 2020-2021, яъне то санаи 17.08.2020 идома хоҳад ёфт.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд