(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати Раиси шаҳри Хуҷанд, раиси Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» Маъруф Муҳаммадзода ҷаласаи навбатии ситоди мазкур баргузор гардид.

Дар ҷаласа нахуст муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирўза Нуруллозода доир ба ҳолати муолиҷа ва ташхиси мубталиёни бемории короновирус дар шаҳри Хуҷанд иттилоъ дод. Изҳори нигаронӣ карда шуд, ки бо вуҷуди андешидани тадбирҳои пешгирӣ ва роҳандозии корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ риоя нагардидани тавсияҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шаҳрвандон ва марказҳои савдою хизматрасонӣ ба чашм мерасад.

Сипас Раиси шаҳри Хуҷанд, раиси Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» Маъруф Муҳаммадзода таваҷҷуҳи ҳозиринро ба ҷараёни корҳои пешгирӣ аз паҳншавӣ ва раванди муолиҷа бемории коронавирус «Covid-19» ҷалб намуда, ҷиҳати баррасии мушкилоти ба миён омада аз соҳаҳои дахлдор пурсиш ба миён овард.

Маъруф Муҳаммадзода аз фаъолияти бархе бозору мағоза ва қаҳвахонаву ошхонаҳои шаҳр изҳори нигаронӣ намуда, таъкид дошт, ки иҷрои тавсияҳои пешбинишудаи беҳдоштӣ шарти муҳими пешгирӣ аз бемории короновирус буда, дар сурати иҷро нагардидан фаъолияти ин марказҳои савдо бидуни огоҳӣ қатъ карда мешаванд. Зеро саломатии шаҳрвандон барои Давлату Ҳукумат аз ҳама манфиатҳо боло меистад.

Раиси шаҳр ҷиҳати ҷоннок намудани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ бо ҷалби кормандони соҳаи маориф, фарҳанг, ҷавонон, ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, занон, маҳаллаҳо бо якҷоягии духтурони оилавӣ муҳим арзёбӣ намуда, зикр дошт, ки корҳои ташриф ба хона ва ошорнамоии нишонаҳои бемориро бештар роҳандозӣ намоянд.

Сипас, Маъруф Ҳоҷибоев, муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд баромад карда, аз ҷумла афзуд, ки хушбахтона бо дастгирии Давлату Ҳукумат мо мавҷи якуми бемории короновирусро паси сар намуда, бо талафоти кам онро натиҷагирӣ кардем. Ҳодисаҳои шиддати зиёди мавҷи дуюми ин бемории сироятӣ дар кишварҳои ҳамсоя моро ором гузошта наметонад, бояд сар ин масъала чораҳои таъхирнопазир андешем. Таҳлили даҳрўзаи охир собит менамояд, ки теъдоди беморони илтиҳоби шуш ва короновирус рў ба афзоиш ниҳодааст. Мутаасифона ин беморӣ бидуни нишона зуҳур намудааст, ки ташвишовар гардидааст. Бо вуҷуди бурдани корҳои тарғиботӣ гигиенияи ҷамъиятӣ риоя намешавад, мардум бениқоб дар ҷойхои ҷамъиятӣ ҳузур доранд. То ҳол оқибатҳои гирифторӣ ба бемории коронавирус «Covid-19»-ро дуруст дарк накардаанд. Бояд қайд намуд, ки танҳо беморони сироятшуда то чӣ андоза вазнин ва тоқатфарсо будани ин бемориро медонанду халос. Зеро вақте ки бемори вазнин мешавед, қадри ҳар як нафас, ҳар як сонияи зиндагиро дарк мекунед.

Раиси шаҳри Хуҷанд, раиси Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» Маъруф Муҳаммадзода бо натиҷагирӣ аз вазъи воқеъии сироятшавии беморон ва пешгирӣ аз мавҷи дуюми бемории короновирус таъкид дошт, ки имрўз мо фурсат дорем, ки дар ҳамбастагӣ ҷиҳати ҷилавгирӣ аз беморӣ тадбирҳои амалӣ андешем, вагарна фардо дер хоҳад шуд ва он идоранашаванда мегардад.

Маъруф Муҳаммадзода ба масъулини дахлдор дастур дод, ки шаҳрвандоне ки тўйи хонадоршавӣ мегузаронанд, бояд иштирокчиёни маърака аз тести муайяннамоии коронвирус гузаранд ва ин тадбир баҳри пешгирии сирояти дигар нафарон амалӣ карда мешавад.

Бо дигар ҷабҳаҳои вазифагузорӣ ба ҷаласа ҳусни анҷом бахшида шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд