(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар шаҳри Хуҷанд Ситоди навбатии вилоятӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» бо масъулини соҳаи тандурустӣ таҳти роҳбарии муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ баргузор гардид.

Нахуст аз ҷониби муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ сардухтурони Марказҳои саломатии шаҳр ва дигар хадамоти соҳаи тандурустӣ оид ба ҷараёни корҳои пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» пурсиш ба амал оварда шуд. Иттилоъ дода шуд, ки ҳолати сироятӣ кам гардида бошад ҳам, аммо хавфи он дар маконҳои серодам, бахусус ҳангоми риоя нагардидани қоидаҳои беҳдоштӣ ҷой дорад.

Дар ҷараёни Ситод таъкид шуд, ки айни ҳол дар давлатҳои ҳамсоя мавҷи дуввуми бемории сироятии COVID-19 хуруҷ карда, ҳолати дубораи карантинӣ ҷорӣ карда шудааст. Дар ҳолати ташкил рияо нашудаи талаботи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтимоли паҳншавии дубораи вируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуд дорад. Дар ин самт ҳар як масъулин, дар навбати худ тамоми шаҳрвандон вазифадоранд, ки барои пешгирии мавҷи дуюм боэҳтиёт бошанд. Риоя намудани тавсияҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарти муҳим ва зарурӣ дар мубориза бо ин вабои аср аст.

Зайнура Азимӣ, муовини Раиси вилоят масъулини соҳаро ҷиҳати иҷрои масъулияти бардӯшдошта муваззаф гардонида, ба ҷаласаи Ситоди вилоятӣ ҳусни анҷом бахшид.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд