(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо мақсади таъмини солимии аҳолӣ дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд мулоқоти роҳбарияти марказ бо мудирони марказҳои савдо ва хизматрасонӣ баргузор гардид.

Эҳсон Саидов, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд зимни баромади худ аз ҷумла таъкид дошт, ки пас аз зуҳури домангустарии пандемияи вируси COVID-19 тарзи ҳаёти шаҳрвандон ба низоми дигар ворид шуд, ки риояи ҳатмии он барои бехатарии солимии шаҳрвандон нигаронида шудааст.

Зикр гардид, ки бо мақсади роҳандозии чораҳои бехатарӣ тавсияҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони мамлакат пешниҳод карда шуд, ки зимни гаштугузор дар ҷойҳои ҷаъиятӣ аз ниқоб истифода баранд ва қоидаҳои беҳдоштиро риоя намоянд. Ҳамчунин фурўшандагони марказҳои савдо ва хизматрасонӣ худ ин талаботро иҷро ва ҳангоми ворид шудани харидорон қоидаҳои беҳдоштиро аз онҳо талаб намоянд, аз ҷумла меъёрҳои безараргардониро иҷро намуда, танҳо бо ниқоб вориди мағоза шуданро иҷозат диҳанд. Ҳамзамон қабл аз баромадан аз марказҳои савдо ва хизматрасонӣ амалҳои безараргардониро анҷом диҳанд, то ин ки манбаъҳои сироятиро ба хонавода ва ҷойҳои ҷамъиятӣ набаранд.

Дар ҷараёни мулоқот эпидемологи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд ҳадафи мулоқотро шарҳ доданд.

Таъкид шуд, ки ин ҳама тадбирҳо баҳри пешгирии мавҷи дуюми беморӣ нигаронида шуда, барои ба эътидол омадани вазъияти эпидемологӣ рафтори масъулиятшиносонаи шаҳрвандон ва ҳамкории муассири давлат ва мардум дар заминаи эътимоди баланди аҳолӣ бисёр муҳим аст.

Вохўрӣ бо суолу ҷавоб ва дархостҳои мушаххас анҷом ёфт.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд