(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБа таваҷҷуҳи сокинони шаҳри Хуҷанд мерасонем, ки бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд санаи 1.08.2020 дар назди майдони Китобхонаи оммавии вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирии шаҳри Хуҷанд маросими оғози расмии ярмарка-фурўши либосҳои ягонаи мактабӣ ва лавозимоти хониш баргузор мегардад.

Дар ярмарка аз ҷониби корхонаҳои саноатӣ, коргоҳҳои истеҳсоли либосҳои мактабӣ, соҳибкорони инфиродӣ либосҳои мактабӣ, аспобу анҷоми мактабӣ ва дигар лавозимоти хонишро барои шаҳрвандон аз бозор нисбатан арзон манзур мегардад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд