(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt

Ҳамшаҳриёни азиз!

Фарорасии Иди саиди Қурбонро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба ҳамаи шумо, ҳамдиёрони арҷманд муборакбод намуда, ба хонадонатон осоишу ободӣ, саодати рӯзгор, тани сиҳату хотири ҷамъ орзу менамоям.

Боиси сарфарозист, ки мардуми Хуҷанди бостонӣ мисли дигар шаҳру навоҳии кишвар Иди саиди Қурбонро, ки аз беҳтарин арзишҳои инсонпарварию мардумнавозӣ саршор аст, дар фазои суботи сиёсӣ, пойдорӣ ва устувории ваҳдати миллӣ, саъю талошҳои созанда ва бунёдкорона барои расидан ба зиндагии шоиста ва эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ истиқбол гирифта истодааст.

Бо шарофати Истиқлолияти давлатии кишварамон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати мо дар озодии виҷдон, дину ақида, адои маросими суннатию динӣ соҳиби имкониятҳои фаровон гардида, дини мубини ислом ҳамчун дини поку беолоиш ва раҳнамои накӯкориҳо дар кишвари мо мақоми мустаҳкамро соҳиб гашт.

Пешвои муаззами миллат дар аксари мулоқотҳои худ таъкид мекунанд, ки дар шароити давлати озоду демократӣ ва дунявӣ имрӯз имкон дорем, ки таълимоти созандаи дини мубини исломро, бахусус, доир ба тарғиби дӯстиву муҳаббат ва кӯмаку дастгирии байниҳамдигарӣ дар байни тамоми афроди ҷомеа густариш диҳем.

Воқеан ҳам, хайрхоҳу дастгири бенавоёну бечорагон будан беҳтарин хислатҳои некӯи инсонӣ буда, ҳамин фазилат ифодагари асли моҳияти Иди Қурбон мебошад, ки ба шарофати он дастархони оилаҳои камбизоату ниёзманд ғанӣ мегардад, инсонҳои соҳибдилу ғамхор сари ятимонро сила мекунанд, ба аёдати пирону барҷомондагон ва одамони яккаву танҳо мераванд, меҳру муҳаббати ҳамагон афзоиш меёбад.

Дар иртибот ба ин, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва соҳибкорону шахсони саховатманд дар арафаи ин иди суннатӣ садҳо ҳамдиёрони арҷмандамон дар радифи маъюбону дармондагон, собиқадорони ҷангу меҳнат ва кӯдакони ятиму бепарастор бо кӯмакҳои моддӣ мавриди аёдат қарор гирифта шуданд. Бо итминони комил метавон гуфт, ки намозу ибодати аҳли диёр чун ворисон ва пайравони мазҳаби фарзанди фарзонаи миллат Абӯҳанифа Имоми Аъзам ба таври ҳамешагӣ намози шукронаву садоқат ба Ватан ва саодати ҷомеа хоҳад буд. Зеро танҳо бо орзуи хушбахтии халқ ва хизмати содиқона ба нафъи ҷамъият ҳар фард метавонад бар маснади бузургиву шукӯҳ, хонаободӣ ва муҳаббати илоҳӣ мушарраф гардад.

Чуноне аз таърихи дини мубини ислом бармеояд, ҳар кадоми мо имрӯз сабру таҳаммулро бояд пеша карда, ба фардои зиндагӣ некбинона назар намоем. Кинаву адоватро аз дилҳо берун намоем ва пайваста дар хотир дошта бошем, ки мо ҳама аҳли як Ватан, зодаву парвардаи як хок, яъне Тоҷикистони бузург ҳастем.

Боварии комил дорам, ки минбаъд низ мардуми сарбаланди Хуҷанди бостонӣ пуштибонии худро аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳнамоиҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода идома бахшида, баҳри боз ҳам ободу зебо гардидонидани шаҳри азизамон саҳми босазои худро хоҳад гузошт.

Бо таманнои амалишавии ин нияту орзуҳои нек, бори дигар, шумо, ҳамшаҳриёни азизро бо фарорасии Иди мубораки Қурбон табрик намуда, бароятон хушҳолии рӯзгор, дастархони пур аз нозу неъмат, барори кору комёбиҳои беназир, сулҳу ваҳдат ва файзу баракати бепоён таманно менамоям.

Идатон муборак бод, ҳамдиёрони азиз!