(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори мақомоти прокуратураи шаҳр ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр бо ҳузури аъзои Шӯрои мазкур, кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳр, Маркази таъминоти бехатарии озуҳаворӣ, сардухтурони беморхонаву марказҳои саломатии шаҳр, масъулини “Тоҷикистандарт”, роҳбарони тарабхона ва тўйхонаҳои шаҳр, сардорони раёсатҳо ва мудирони шуъбаҳои дахлдори шаҳрдорӣ ва дигар масъулин баргузор гардид.

Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Хуҷанд, прокурори шаҳри Хуҷанд Авазҷон Назарзода ҷаласаро ифтитоҳ намуда, иттилоъ дод, ки тибқи рӯзномаи ҷаласа масоили марбут ба таъмини амнияти санитарӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунанда ва бехатарии озуқаворӣ дар соли 2019 ва нимсолаи аввали соли равон дар шаҳри Хуҷанд мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

Прокурори шаҳри Хуҷанд Авазҷон Назарзода қабл аз оғози баррасии мавзуъи мазкур аз ҷумла зикр дошт, ки саломатии инсон арзиши олӣ дошта, он ҳамчун сарвати асосии миллат дар меҳвари сиёсати роҳбарияти олии кишвар ҳарор дорад. Ҳамасола тадбирҳои наҷиб ва судманду раъиятпарварона аз тарафи Ҳукумати кишвар ва ташаббусҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани хизматрасониҳои тиббӣ ва табобату пешгирии бемориҳои гуногун корҳои назаррас аз қабили сохта ба истифода додани муассисаҳои тандурустӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ, бунёди муассисаҳои нави таълимии тиббӣ ва воридоти технологияҳои навтарини соҳаи тандурустӣ роҳандозӣ гардида истодааст.

Ҷавобан ба ин ғамхориҳо аз ҷониби кормандони соҳа ва бахусус маҳомоти назоратӣ ҷиҳати риояи қоидаҳои санитарӣ-эпидемиологӣ, ки ҳамчун омили асосии пешгирӣ ва наҷот ёфтан аз бемориҳои сироятӣ наҳши калидӣ доранд, масъулияти ҷиддӣ зоҳир намуда, тадбирҳои таъхирнопазир андешанд ва набояд фаромўш созем, ки дар самти солимии ҷомеаи тамоми ниҳодҳои соҳаи тандурустӣ масъул мебошанд.

Сипас, Сулҳиддин Ғоибзода, ёрдамчии прокурори шаҳри Хуҷанд роҷеъ ба таъмини амнияти санитарӣ, ҳимояи ҳуҳуҳи истеъмолкунанда ва бехатарии озуҳаворӣ дар соли 2019 ва нимсолаи аввали соли равон дар шаҳри Хуҷанд ахборот дод.

Таъкид шуд, ки давраи соли 2019 аз тарафи шахсони масъули Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд дар фаъолияти 1380 адад субъектҳои зери назоратӣ санҷишҳо гузаронида шуда, нисбати 734 нафар шахсони масъули муассисаҳои хусусӣ ва давлатӣ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.

Сулҳиддин Ғоибзода афзуд, ки новобаста ба он, ки аз тарафи кормандони прокуратураи шаҳр бо иштироки мутахассисони соҳавӣ чандин маротиба бо кормандони марказҳои санитарию бехатарии озуқаворӣ суҳбату вохуриҳо гузаронида шуда, талаботи қонунгузории амалкунанда фаҳмонида шудааст, мутаассифона ҳоло ҳам вайрон намудани талаботи қонун ва қоидаву меъёрҳои санитарӣ дар фаъолияти онҳо ҷой дошта, як қатор камбудиҳо ошкор карда шудаанд.

Таъкид шуд, ки таъмини бехатарии озуқаворӣ яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар ба шумор рафта дар ин замина аз ҷониби давлату ҳукумат чораҳои муайян андешида шуда истодааст. Мутаассифона аз ҷониби баъзе тоҷирону фурушандагони марказҳои хуроки умумӣ бо маҳсади ба даст овардани фоида молу маҳсулотҳои пастсифат, ғайристандартӣ ва ба ҳаёту саломатии инсон хатарнок ба фуруш бароварда мешавад, ки дар ин самт масъулини дахлдор бояд чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Сипас дар ҷараёни ҷаласа ҳисоботҳои сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд Эҳсон Саидов ва сардори Маркази таъминоти амнияти озуқаворӣ Манучеҳр Каримов шунида шуд.

Таъкид шуд, ки имрўз яке аз масъалаҳои муҳим ва рўзмарра ин пешгири воридшавӣ ва паҳншавии маводи озуқавории ба саломати инсон хавфнок ба ҳисоб меравад. Аз ҷониби ниҳодҳои марбутаи соҳаи тандурустӣ пайваста корҳои назоратӣ бурда мешаванд, вале он нокифоя буда, ҷоннок намудани онро тақозо дорад. Тавре, ки ҳамагон иттилоъ доранд, пайдоиш ва паҳншавии бемории сироятии короновирус маҳз аз беэҳтиётӣ ва истеъмоли маводи озуқавории ба саломатии инсон хавфнок сурат гирифтааст, ки имрўз тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.

Сипас, Носирҷон Оқилзода, ёрдамчии калони прокурори шаҳри Хуҷанд роҷеъ ба ҳамоҳангии фаъолияти сохторҳои назорати бехатарии озуқаворӣ ва таъмини сиҳатии омма баромад намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки танҳо дар сурати фаъолияти ҳамбастагии мақомоти марбутаи соҳаи бехатарии озуқаворӣ, санитарию гигиенӣ бо мақомоти назорати қонунгузорӣ мо метавонем алайҳи ҳамагуна қонуншиканиҳо муборизаи дастҷамъона бурда, пойдории қонунро таъмин намоем.

Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Хуҷанд, прокурори шаҳри Хуҷанд Авазҷон Назарзода зимни пурсиш ва вазифагузорӣ таъкид дошт, ки дар самти таъмини амнияти санитарӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунанада ва бехатарии озуқаворӣ дар шаҳри Хуҷанд то ба имрўз як қатор корҳо ба сомон расонида шуда бошад, ҳам то ҳол масъалаҳои ҳалношуда вуҷуд дорад, ки баррасии он вазифаи муҳим ва аввалиндараҷаи масъулини дахлдор мебошад. Фаъолияти нокифоияи бархе сохторҳо ва бетарафии онҳо ҳар лаҳза ба саломатии шаҳрвандон хавф эҷод менамояд. Мо набояд бо кирдору амали худ ба солимии сокинон ва меҳмонони шаҳри бостонии Хуҷанд халал эҷод намоем. Баръакс барои таъмини зиндагии шоиста, дастрасӣ ба озуҳаи хушсифат, хизматрасонии ҷавобгў ба талаботи санитарию гигиенӣ масъул бошем ва ба он мусоидати фаъол намоем.

Авазҷон Назарзода ба роҳбарони тарабхонаву тўйхонаҳо ҷиҳати ба роҳ мондани хизматрасониҳо тибқи меъёрҳои беҳдоштӣ дастуру супориш дода, таъкид дошт, ки фаъолияти хешро тибқи ҳонунгузории танзими расму оин роҳандозӣ намоянд.

Ба сардухтурони беморхонаҳои шаҳрӣ, марказҳои саломатӣ таъкид карда шуд, ки зимни ташхис, табобат бо шаҳрвандон муносибати некбинона намоянд. Арзу муроҷиати шаҳрвандонро ба инобат гиранд ва тибқи қонунгузории кишвар фаъолияти хешро ба роҳ монанд. Пешгирии амалҳои номатлуб, хизмати содиқона ба халқу миллат, садоқат ба касби пешанамудаи хеш асоси фаъолияташонро ташкил намояд.

Сохторҳои ободонии шаҳрдорӣ муваззаф гардиданд, ки зимни иҷрои вазифаи хидматии худ, пеш аз ҳама ба ободии шаҳри бостонии Хуҷанд, ки маркази маъмурии вилояти Суғд ва дар як вақт оинаи вилоят аст, таваҷҷуҳи бештар равона намоянд. Аз натиҷаи фаъолияти онҳо баҳои меҳмонон ба тамоми шаҳрдорон дода мешавад, ки масъулияти бузург аст. Тозаву озода нигоҳ доштани шаҳр кафили солимии аҳолӣ аст.

Сипас сардори ШВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд, аъзои Шўрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, полковники милитсия Илҳом Қосимзода баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки дар ҷаласаи имрўза баррасӣ шудани масъалаи таъмини амнияти санитарӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунанада ва бехатарии озуқаворӣ амали рўзмарра буда, аз таъмини воқеъии нишондодҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиҳолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 мебошад. Ҳадафи олии ҷаласаи имрўза ҳифзи солимии ҷомеа, таъмини бехатарии аҳолӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии мавҷи дуюми бемории сироятии короновирус мебошад. Маҳомоти милитсия низ дар ин самт дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои шаҳрдорӣ ҳамарўза чораву тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ намуда истодааст. Гузашта аз ин силсилаи чорабиниҳо дар самти риояи маданияти шаҳрдорӣ пайваста гузаронида мешаванд.

Раиси Шӯрои ҳамаҳангсозии маҳомоти ҳифзи ҳуҳуҳи шаҳри Хуҷанд, прокурори шаҳри Хуҷанд Авазҷон Назарзода ҷаласаро ҳусни анҷом бахшида, баҳри тақвият бахшидан ба фаъолияти маҳомоти дахлдори давлатӣ ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ба масъулин дастур супоришҳои мушаххас дод.

Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Хуҷанд дар сатми эътибори ҷиддӣ зоҳир намудан ба сиҳатии омма ва таъмини амнияти озуқаворӣ қарорҳои дахлдор қабул намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд