(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Кохи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд мулоқоти Гулбаҳор Назирӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкуннадагон сурат гирифт.

Фирўза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд мулоқотро ҳусни оғоз бахшида, ҳадафи баргузории онро шарҳ дод.

Сипас, Гулбаҳор Назирӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, таваҷҷуҳи интихобкунандагонро ба яке аз масъалаҳои рўзмарра: пайдоиш ва паҳншавии бемории сироятии короновирус ҷалб намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи аввали хуруҷи пандемияи коронавируси COVID -19 дар ҷаҳон вобаста ба пешгирии паҳншавии ин вабо ва кам кардани таъсири манфии он ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар «Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии коронавируси COVID-19 дар ҷаҳон ба иқтисодиёти миллӣ»-ро мавриди иҷро қарор додааст. Яке аз тадбирҳои муҳим дар доираи нақшаи чорабиниҳои зикршуда дастгирии соҳаҳои алоҳидаи иқтисоди миллӣ, соҳибкорон ва табақаҳои аҳолии осебпазир, инчунин таъминоти иҷтимоии онҳо ва фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолият ва зиндагӣ дар кишвар мебошад. Вобаста ба ин Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид, ки иқдоми саривақтӣ ва хирадмандонаи Пешвои миллат ба ҳисоб меравад.

Бояд тазаккур дод, ки дар натиҷаи бо сабаби хурӯҷи бемории сироятии СOVID-19 қатъ шудани мусофиркашонии байналмилалӣ ва роҳандозии тадбирҳои карантинӣ дар кишварҳо корхонаҳои соҳаҳои сайёҳӣ, нақлиёти ҳавоию заминӣ, хизматрасонӣ, бахусус хизматрасонии меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо дар Тоҷикистон бештар зарар диданд ва даҳҳо ҳазор нафар кормандони соҳа ба рухсатӣ фиристонда шуданд.

Гулбаҳор Назирӣ таъкид дошт, ки риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дар шароити имрўза хеле муҳим буда, он масъалаи ба истилоҳ «ҳаёту мамот»-ро ифода менамояд. Мо бояд дарк намоем, ки саломатӣ ва ҳаёти на танҳо худи мо, балки бехатарии атрофиёнамон аз ҳамдигар вобастагии зич дорад.

Тибқи иттилоъи Гулбаҳор Назирӣ пандемияи COVID-19 мушкилоти шадид, аз ҷумла хатари зуҳури шаклҳои нави терроризмро ошкор ва инчунин тазалзули иҷтимоӣ ва иқтисодиро ба бор овард, ки метавонад боиси радикалӣ шудани одамони рӯҳафтода, хусусан ҷавонон гардад ва онҳоро ба сӯи ифротгароӣ такон диҳад. Террористон бошанд вазъияти рухдода ва аз мусибати ба сари одамон омада фаъолона ба мақсадҳои ғаразноки худ истифода менамоянд. Мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Ҳамеша дар самти фаъолияти интихобнамудаи хеш ба давлату миллати худ содиқ бошем.

Мулоқот дар фазои озоду ошкору ва мубодилаи афкор анҷом пазируфт.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд