(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altСубҳи имруз ба муносибати Иди Қурбон дар назди майдони театри Хоҷа Камоли Хуҷандӣ ярмарка-фуруши маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ баргузор гардид.

Раиси вилоят Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷараёни баргузории ярмарка боздид намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки ярмаркаи мазкур баҳри таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ ва инчунин пешгирии болоравии нархи маҳсулот бахшида ба Иди Қурбон санаҳои 25-27–уми июли соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд.

Дар ярмарка – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ниёзи аввалия санаи 25 июл, намояндагони хоҷагиҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои Ашт, Б.Ғафуров, Куҳистони Мастчоҳ, Спитамен, Зафаробод, Деваштич, Иттифоқи матлуботи вилоят ва соҳибкорони шаҳрҳои Гулистон ва Хуҷанд иштирок намуданд.

Дар маҷмӯъ 140 тонна маҳсулот, аз ҷумла 24,6 тонна картошка, 20,5 тонна пиёз, 8,2 тонна сабзӣ, 9 тонна сабзавотҳои гуногун, 27 тонна полезӣ, 5 тонна биринҷ, 2,5 тонна равған, 5 тонна меваҳои гуногун, 3 тонна консерва ва обҳои ташнашикан, 2,2 тонна гӯшти гов, 0,5 тонна гӯшти гусфанд, 0,5 тонна гӯшти паранда, 0,4 тонна гӯшти моҳӣ, 0,3 тонна маҳсулоти гӯштӣ, 22,3 тонна орд, 3 тонна намак, 4,5 тонна шакар, 0,6 тонна маҳсулоти қаннодӣ, 0,9 тонна асал ва 7 ҳазор дона тухм ба меҳмонону харидорон пешниҳод карда шуд.

Дар ярмарка як халтаи орд 200 сомонӣ, 4, 5 литр равған 53 сомонӣ, картошка 1,5-2,5 сомонӣ, тарбуз 3-8, харбуза 5-10, гӯшт 38 сомонӣ, помидор 3 сомонӣ, шакар 6 сомонӣ, пиёз 60 дирам арзиш доштанд.

Сокинони шаҳри Хуҷанд аз иқдоми неки роҳбарияти вилоят изҳори қаноатмандӣ намуда, арзи сипосмандии худро иброз доштанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд