(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altИмрӯз дар толори Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд даври шаҳрии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” оғоз гардид.

Дар ифтитоҳи озмун мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Муҳайё Акмалхӯҷаева, сармутахасиси Раёсати маорифи вилоят Бахтиёр Сарҳадов ва доктори илм, шоир Нуралӣ Нурзод суханронӣ намуданд.

Дар озмун 57 нафар довталабони синну соли гуногун маҳорати хешро аз рӯйи номиннатсияи озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба ҳайати доварон манзур доштанд.

Санаи 24.07. 2020 низ дар толори Маркази фарҳанг низ даври шаҳрии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” идома меёбад.

Ғолибон озмун аз ҷониби ҳайати ҳакамон муайян ва ба даври вилоятӣ роҳхат дода мешаванд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар шаҳри Хуҷанд тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” сурат мегирад. Бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд барои баргузории ин озмун наздик 50 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд