(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altБо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии короновирус «Ковид-19» дар шаҳри Хуҷанд, дар асоси дастуру супоришҳои ситоди вилоятӣ ва шаҳрӣ гуруҳҳои ташвиқотӣ тарғиботӣ таъсис дода шуда, ба аҳолӣ корҳои пешгирикунанда роҳандозӣ намуда истодааст.

Дирӯз зимни баргузории як аксия таҳти унвони «Худ ва дигаронро аз бемории сироятии короновирус ҳифз намоед!» бо иштироки фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ корҳои таргиботӣ пиёда крада шуд. Зимни он таъкид шуд, ки алҳолбаргузор намудани чорабаниҳои оммавӣ манъ гардида, бидуни ниқоб ба кўчаву ҷойҳои серодам набояд гашт, ҳамчунин кўдакону наврасон зимни таътил назорат бурд, калонсолон беҳуда ба кӯча набароянд ва ҳамагон гигенаи шахсиро риоя намоем.

Ҷоиз ба зикр аст, ки ин ҳама тадбирҳо ба хотири пешгирии хуруҷи мавҷи дуюм бемории сироятии короновирус амалӣ гардида, аъзои ситоди шаҳрӣ тасмим гирифтааст,ки чунин аксияҳоро дар ҷойҳои серодами шаҳр, аз ҷумла бозори «Панҷшанбе», боғҳои фарҳангию фароғатии Камоли Хуҷандӣ ва Абўмаҳмуди Хуҷандӣ ва ғайраҳо ташкил ва баргузор намояд.

Ҳамарӯза дар шаҳри Хуҷанд корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати иҷрои талаботи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахусус гаштугузор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо ниқобро фаҳмонида дода истодаанд. Ба ниёзмандон ниқобҳо ройгон тақсим карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд