(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altРаиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни як боздид аз фаъолияти пурсамари корхонаи истеҳсолии ҶДММ “Текстил-Импекс” ошноӣ пайдо намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи мазкур бо истифода аз ашёи хоми ватанӣ ба истеҳсоли матоъҳои хушсифати навъи духоба машғул буда, имрӯзҳо дар ин корхона беш аз 80 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши баланд таъмин буда, то 12 намуди духобаҳои гуногунранг бо сифати хуб истеҳсол карда мешаванд.

Таъкид шуд, ки дар Тоҷикистон истеҳсоли матоъи духоба танҳо дар ҶДММ “Текстил-Импекс”-и шаҳри Хуҷанд ба роҳ монда шуда, имкон доранд, ки бозори дохилиро бо ин намуди матоъ пурра таъмин намояд.

Муассиси корхона иқдом намудааст, ки дар заминаи мавҷудаи истеҳсолӣ фаъолиятро густариш бахшад. Бо ин мақсад чанде қабл 32 адад дастгоҳҳои истеҳсолӣ аз кишвари Федератсияи Руссия бо бо маблағи беш аз 150 ҳазор доллари амрикоӣ ворид намудааст, ки баъди бакорандозии он имкони боз муҳайё намудани ҷойҳои нави кори доимӣ барои 40 нафарро пешбинӣ кардааст.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба муассиси корхона ҷиҳати афзун намудани маҳсулот ва ба хориҷ содирот намудани он дастуру супоришҳо дод.

Таъкид шуд, ки бояд саноатчиёни шаҳр бо дарки масъулият фаъолияти бомароми коргоҳҳои хешро ба роҳ монда, барои коҳиш наёфтани нишондиҳандаҳои ин соҳа, ҳиссаи арзандаи хешро гузоранд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд