(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt7 нафар муҳассилини макотиби шаҳри Хуҷанд аз рӯйи натиҷаҳои ҷамъбасти соли таҳсили 2019-2020-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон медалҳои тилло ва нуқраро ба даст оварданд.

Инҳо: Султон Сатторов, хонандаи гимназияи №1, Раҳимҷон Ҳакимов ва Меҳрангез Зоҳирова муҳассилини литсейи физикӣ-математикии №1 ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ва Таҳмина Холиқова толибаи МТУҒ «Гёте» муассисаҳои таълимии номбурдаро бо медали тилло хатм намуданд.

Мунзифа Эргашева, хонандаи литсейи ДДҲБСТ, Мадина Абдувоҳидова ва Аминҷон Шерматов литсейи донишкадаи политехникӣ тадрисгоҳашонро бо медалҳои нуқра анҷом бахшиданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар озмуни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои медалҳои тилло ва нуқра 17 нафар хонандагони шаҳри Хуҷанд довталаб буданд. Ва аз миёни онҳо 7 нафарашон соҳиби медалҳои тилло ва нуқра шуданд.

Бояд қайд намуд, ки соли гузашта аз шаҳри Хуҷанд аз рӯйи натиҷаҳои хатми соли таҳсил ҳамагӣ 3 нафар соҳиби медалҳои тилло ва нуқра гашта буданд.

Ин дастовардро барои тамоми аҳли маорифи шаҳри Хуҷанд муборакбод мегӯем.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд