(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ҳар як оила ба масъалаи истифодабарии қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ ва омодагӣ ба зимистон аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намуда, дар ин самт масъулиятона муносибат мекунанд. Қариб ҳар як оилаи шаҳри Хуҷанд ба консервакунонии меваҳо ва сабзавот барои зимистон машғул мешаванд. Бисёре аз оилаҳои шаҳри Хуҷанд дар мавсим зиёда аз 300 бонка консерва маҳкам мекунанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз манзили сокини маҳаллаи Раззоқи шаҳр Мирзоҳабиб Каримов боздид намуд. Оилаи Каримовҳо бо истифода аз меваю сабзавот шарбату хуришҳо омода карда, онро барои зимистонгузаронӣ захира намуда истодаанд. Ҳамзамон намудҳои гуногуни сабзавот, аз ҷумла картошка, сабзӣ, шалғам, карам, маҳсулоти донагӣ лубиё, мош, биринҷ, нахуд ва орду равғану гӯштро фаровон захира намудаанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ин амали хонаводаи Каримовҳоро тавсиф намуда, аз аҳамият ва зарурати омодагӣ ба зимистон, захира намудани маҳсулоти зарурӣ, аз ҷумла таҳияи консерваҳоро барои фасли сарморо дар шароити имрӯза муҳим арзёбӣ намуд.

Таъкид гардид, ки тайёр намудани банкаи консервҳои мухталиф аз ҳисоби қитъаи наздиҳавлигии худ, аз ҷумла аз ҳосили помидор, бодиринг, қаламфур, боимҷон, сирпиёз, карам, зардолу, шафтолу, олу, гелос ва себ барои дигарон ибратомӯз аст.

Раҷаббой Аҳмадзода таъкид дошт, ки оилаҳое, ки қитъаҳои наздиҳавлигӣ надоранд маҳсулоти заруриро аз бозор, ки ҳоло бо нархи паст фурӯхта мешавад, харидорӣ намоянд, ба манфиаташон аст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд