(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altАҳли фарҳанги шаҳри Хуҷанд ба озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар соли 2020 омодагӣ дида истодаанд. Интизор меравад, ки даври шаҳрии озмун охири моҳи августи соли ҷорӣ сурат гирад.

Озмуни мазкур тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии онҳо, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди асарҳои нави мусиқӣ, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эъмори давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда мешавад.

Дар озмун композиторон (оҳангсозон), сарояндагон, навозандагон, ҳунармандони филармонияҳои халқӣ, театрҳои халқӣ, гурӯҳҳои ҳунарии назди раёсат, шуъба ва бахшҳои фарҳанг, муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳангу санъат, сарояндаҳои санъатдӯст, ансамблҳои оилавӣ, шахсӣ ва истеъдодҳое, ки алоҳида фаъолият мекунанд, иштирок карда, асарҳояшонро дар шакли якка ва гурӯҳӣ пешниҳод карда метавонанд.

Тибқи як муқаррароти озмун дар он шахсони шинохтаи фарҳангу санъат, мутрибону сарояндагони гурӯҳҳои эҷодӣ-касбӣ ширкат карда наметавонанд. Ҳамзамон, як шахс наметавонад дар ду номинатсия ширкат намояд. Синни иштирокчиён аз 8 то 40 муқаррар карда мешавад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд