(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altРаиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз манзили истиқоматии директори хона-музейи «Эргашбойбача» ҳунарманди чирадаст Нозимҷон Усмонов, ки манзили зисташро ба макони таърихи зиндаи манзилдории тоҷикон мубаддал намудааст, боздид намуданд.

Дар хона-музей як хонаи қадимаи тоҷикон вуҷуд дошта, дохили хона бо санъати миллӣ ороиш ёфта, бо ашёи рӯзгор ва аспобҳои мусиқӣ ҷиҳозонида шудааст. Аксари он аспобҳо мероси модаркалон ва бобояш, ки иштирокчии ҶБВ буд, ба ҳисоб меравад. Дар баробари ин, худи ӯ низ аз мардум ашёи қадимаро харидорӣ намуда, дар музей ҷамъ овардааст. Дар хона-музей садҳо намуди лавозимот ва ашёи қадима нигоҳ дошта шуда, аксари ашёҳо нодир ҳастанд ва баъзе таърихи зиёда аз 1000-сола доранд. Навъҳои гуногуни кӯза, табақҳои сафолин, қошуқи чубин, табақҳои аз чӯб сохташуда, чанд намуди танӯр, оташдони давраи қадима, сабадҳои гуногун, обдастаҳо, ҷувози майда ва калон, кафшҳои қадима, тарозуи давраи қадим, лаҷом ва зин барои асп, аспобҳо барои шудгори замин, ба монанди чок, бел ва омоч, либосҳои қадима номгӯи ашёҳоест, ки дар хонамузей нигаҳдорӣ мешавад.

Бино ба иттилои Нозимҷон Усмонов аз хона-музейи ӯ садҳо нафар сайёҳон, аз ҷумла сайёҳони хориҷӣ боздид карда, бо намунаҳои санъати миллии тоҷикон шинос шудаанд.

Дар саҳнаи ҳавлӣ аробаи асп ва як чоҳ мавҷуд мебошад. Девор бо санъати меъмори кохлой панҷакаш карда шудааст. Дар кунҷи хона як устохонаи челонгарӣ ва мисгарӣ барпо карда шудааст. Дар рӯи ҳавлӣ як кати чӯбин гузошта болояш оро дода шудааст. Дар қитъаи замини наздиҳавлигӣ дарахтҳои мевагӣ ва сояафкан шинонда шудааст.

Нозимҷон Усмонов дар баробари ҳунармандӣ барои шуғли доимии аҳли хонавода ва хешовандонаш коргоҳи хурди қаннодии «Ширин» таъсис додааст, ки он дар таҳхонаи манзили зисташ ҷойгир буда, 10 нафар бо кори доимӣ таъмин мебошанд. Дар коргоҳ навъҳои гуногуни шириниҳо омода ва ба мизоҷон манзур карда мешавад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба кору махорати эҷодии ҳунарманд Нозимҷон Усмонов баҳои баланд дода, изҳор дошт, ки дар ҳақиқат чунин хона-музейҳо барои ҷалби сайёҳон ва муаррифии таърихи бойу рангини мардуми тоҷик ба ҷаҳониён хизмат мекунад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд