(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altБа маълумоти довталабони даври шаҳрии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” мерасонем, ки бақайдгирии иштирокчиёни озмун дар Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Хуҷанд, воқеъ дар кӯчаи Рифъат Хоҷиев (паҳлуи МТМУ №14) оғоз шуда, санаҳои 24-25-уми июли соли ҷорӣ дар Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд даври шаҳррии озмун баргузор гардида, ҳайати босалоҳияти ҳакамот ғолибонро муайян хоҳанд намуд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар шаҳри Хуҷанд тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” сурат мегирад. Бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд барои баргузории ин озмун наздик 50 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.

Телефон барои тамос:927121421

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд