(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд иншооти таъиноташ гуногун сохта ба истифода дода шуда истодаанд. Боиси хушнудист, ки дар амалӣ намудани корҳои бунёдкорӣ соҳибкорони шаҳр низ фаъол буда, бо бунёд намудани иншооти муосири гуногунҷабҳа ба зебогии шаҳри Хуҷанд ҳусни дигар зам менамоянд.

Аз ҷумлаи чунин иншооти бунёдшудаистода, маҷмааи тиҷоратии «Сомон плаза» («Somon-Plaza») мебошад, ки дар маркази шаҳр, хиёбони Исмоили Сомонӣ қомат афрохтааст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз раванди корҳои сохтмонии Маҷмааи тиҷоратии «Сомон плаза» ошноӣ пайдо намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур бо маблағи зиёда аз 10 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода мешавад. Фармоишгари сохтмон ҶДММ «Дӯсти Амирхон, пудратчии он ҶДММ «Сомон сохтмон ва К» мебошад. Корҳои сохтмонӣ ҳанӯз соли 2015 оғоз шуда, дара арафаи ҷашни навбатии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бунёд шуани чунин маҷмааи бузурги тиҷоратии муҳташами «Сомон плаза» («Somon-Plaza»)-ро дар маркази шаҳр фоли нек арзёбӣ намуда, барои боз ҳам ҷолибу муосиртар намудани намои бинои мазкур ба сохтмончиён дастуру супоришҳо дод. Таъкид шуд, ки шароити фароҳамовардаи Давлату Ҳукумат ба бахши хусусӣ имконоти фаровонеро ба даст овардааст, ки дар бунёди иншооти муосир ва рушди фаъолияти соҳавии хеш бидуни мамоният фаъол бошанд.

Иттилоъ дода шуд, ки зимни бунёди маҷмааи тиҷоратии муҳташами «Сомон плаза» («Somon-Plaza») тамоми унсурҳои хизматрасонии муосир ба назар гирифта шуда, то замони баистифодабарӣ беҳтарин шароити кору фаъолият ва хизматрасониҳо муҳайё карда мешавад. Интизор меравад, ки баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншоот беш аз 100 адад ҷойи нави корӣ муҳайё карда мешавад. Бино барои таъсиси мағозаи ҷавобгӯ ба талаботи муосир ва сатҳи олии хизматрасонӣ созгор буда, меъморон зимни тарҳи лоиҳаи он чунин имкониятҳоро пешбинӣ намудаанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд