(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altРаиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз рафти бунёди бинои нави Беморхонаи вилоятии шараёни дил дидан намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар хиёбони Раҳмон Набиеви шаҳр, соҳили дарёи Сир мутобиқ ба меъёрҳои ҳозиразамон бунёд шудани беморхонаи вилоятии шараёни дил туҳфаи арзанда ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Бино аз чор ошёна ва таҳхона иборат буда, бо унсурҳои муосири миллии сохтмонӣ бунёд шуда истодааст. Пудратчии сохтмони ин иншоот ҶДММ «Евростройсервис» буда, баро анҷоми корҳои сохтмонӣ беш аз 19 миллион сомонӣ маблағхо пешбинӣ шудаанд. Бино барои 200 кати беморон пешбинӣ гардида, замони истифодабарӣ бо тамоми дастгоҳҳои муосири тиббӣ таҷҳизонида мешавад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулини дахлдор ҷиҳати обод ва хуррамнамоии муҳити беморхонаи навбунёд дастур дод. Таъкид шуд, ки барои беморон дар ҳудуди беморхонаи шароити арзандаи истироҳату фароғат муҳайё карда шавад. Ҷоиз ба зикр аст, ки аллакай дар ин самт як қатор корҳо анҷом ёфтааст, аз ҷумла 6 адад суҳбаткадаҳо ҷойгир карда шуда, дарахтони ҳамешасабз шинонида шудааст.

Раҷаббой Аҳмадзода ба сохтмончиён ҷиҳати истифодаи масолеҳи сохтмонии истеҳсоли ватанӣ дастур дода, бунёди толори муосир барои баргузор намудани ҷаласаҳои онлайниро зарур шуморид.

Маврид ба ёдоварист, ки сохтмони чунин марказу беморхонаҳои муосири тиббӣ дар саросари мамлакат дар партави сиёсати бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои солимии ҷомеа, анҷом дода, мешаванд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд