(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд мутобиқ ба Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 ва ҷадвали баргузории нишастҳои матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд нишасти матбуотии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода оид ба натиҷаҳои фаъолияти мақомоти шаҳрдорӣ дар нимсолаи аввали соли 2020 бо иштироки беш аз 40 нафар рӯзноманигорони дохилию хориҷӣ баргузор гардид.

Дар оғоз аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода доир ба фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар нимсолаи аввали соли 2020 маълумоту мухтасар манзур карда шуд.

Маъруф Муҳаммадзода зимни баромади худ аз ҷумла таъкид дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти саноатикунонии босуръати кишвар, суръатбахшии истеҳсолот, пешбурди ҳамаи паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, равнақи созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ бахшида ба эълон гардидан солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои амалӣ андешида, давоми соли 2019 ба нишондиҳандаҳои мусбат ва устувор комёб гардид.

Зикр гардид, ки маркази вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, ки ҳамчун пешбарандаи намунавии тамоми арзишҳо, дар самти суботи ҳамзамони ҳадафҳои стратегии кишвар ва корҳои созандагӣ дар маркази диққати ҳамарўза қарор дошта, аз натиҷаи нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии он некўаҳволӣ ва сатҳи иҷтимоии сокинон вобастагии рўзафзун дорад. Ҳамзамон, тазаккур дода мешавад, ки дар қатори дигар давлатҳои ҷаҳон бемории сироятии коронавирус «Covid - 19» ба ба сокинони шаҳри Хуҷанд низ таъсири хавфноки худро расонида истода, дар як вақт вазъи иқтисодию иҷтимоиро коста гардонида истодааст. Бояд қайд намуд, ки дар ин давраи ҳассос кўмаки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмати ҳамарўзаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода хело назаррас буда, он барои пешгирии саривақтии сироятшавии сокинон ва табобат аз ин беморӣ хеле муҳим ва зарурӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин самт аз ҷониби кормандони соҳаи тиб ва дигар сохторҳои марбута бо истифода аз тамоми имкониятҳо ва кўмакҳои расонидашуда, чораҳои саривақтию таъхирнопазир андешида, дар натиҷа имрўзҳо шиддати сироятшавӣ аз ин беморӣ рў ба коҳиш овардааст.

Таъкид шуд, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин марҳилаи ҳассос ба рўҳафтодагӣ роҳ надода, бо нангу номус ва ҳисси ватандўстӣ ҷиҳати сари вақт бартараф намудани масъалаҳои ҳалталаби зарурӣ вобаста ба омода намудани тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ баҳри пешгирии касалии сироятӣ, таъминоти муассисаҳои табобатӣ бо маводҳои зарурии муҳофизатию доруворӣ, безараргардонии мавзеъҳои шаҳр, таъминоти мунтазам бо озуқаворӣ ва корҳои тарғиботию ташвиқотӣ байни аҳолӣ ҷиҳати худмуҳофизатӣ аз сироятёбӣ бо истифода аз тамоми имкониятҳо сарҷамъона ҳиссаи босазо гузоштанд. Сарфи назар аз мушкилиҳои пешомада, саноатчиёни шаҳр бо дарки масъулият фаъолияти бомароми коргоҳҳои худро ба роҳ монда, барои коҳиш наёфтани нишондиҳандаҳои ин соҳа, ҳиссагузорӣ намуда истодаанд. Дар натиҷа, мувофиқи нишондиҳандаҳои нимсолаи оморӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолгардида ба 552,2 миллион сомонӣ расидааст. Дар корхонаҳои шаҳр ҳаҷми 36 намуд маҳсулотҳо нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 зиёда аз 100,0 фоиз таъмин карда шудааст. Боиси қайд аст, ки дар давраи паҳншавии касалии сироятӣ баҳри таъминоти аҳолӣ ва муассисаҳои тандурустӣ фавран аз ҷониби 13 корхонаҳои саноатӣ ба монанди: ҶДММ “Ҷавонӣ”, “САТН”, “Сано”, “Зиннат”, “Нассоҷи Хуҷанд”, “Текстил и Ко”, “Олимхони Хуҷандӣ”, “Сирдарё”, “Чои Шифо”, “ММК”, “Давои Сино 70”, “Сайхун” ва “Қолинҳои Сомон” зиёда аз 4,2 млн. дона ниқобҳо, либоси махсуси тиббӣ ва маводҳои антисептикӣ ба маблағи 37,8 млн. сомонӣ истеҳсол карда шуд, ки қаблан онҳо аз хориҷи кишвар ворид мегардиданд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода афзуд, ки яке аз рисолатҳои ниёгонамон корҳои бунёдкорӣ ва ободонӣ маҳсуб ёфта, дар ин самт бо истифода аз тамоми имкониятҳову захираҳо баҳрабардорӣ карда шуда истодааст. Дар ин давра ҳаҷми маблағгузории асосӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои молиявӣ 100,6 миллион сомониро ташкил дода, ба маблағи 81,8 миллион сомонӣ корҳои сохтмонию васлкунӣ ба анҷом расонида шудааст. Ҳаҷми фондҳои асосӣ бошад, зиёда аз 49,7 миллион сомониро ташкил дода, он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 5,2 дар сад афзоиш ёфта, ба ҳар як сари аҳолӣ 269,6 сомонӣ рост меояд. Дар ин давра аз тарафи корхонаҳои пудратӣ ҳаҷми корҳои ба сомон расонидашуда дар қиёс ба соли сипаригашта 34,1 фоиз кам шуда, ҳаҷми он ба 98,0 млн. сомонӣ расидааст.

Шаҳрдор доир ба тадбирҳои ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд “Дар бораи эълон намудани 1300 рўзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” иттилоъ дода, аз ҷумла афзуд, ки дар шаҳр давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар асоси 88 банди нақшаи чорабинӣ корҳо амалӣ шуда, 4 адад корхонаҳои истеҳсолӣ, 2 муассисаи ташхисию табобатӣ, 1 боғи фарҳангию фароғатӣ, 1 адад расадхона, 2 маркази хизматрасонӣ, 1 хатти обрасонӣ, 4 бинои истиқоматии баландошёна ва 74 нуқтаи савдо ба маблағи зиёда аз 121 миллион сомонӣ бунёд гардида, дар ин замина 322 адад ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуд. Дар кўчаю хиёбонҳо ва майдонҳои ҳудуди шаҳр 781 адад лампаҳо, фурўзонакҳои каммасраф, чароғакҳои ҳархела ва равшанкунакҳои светодиодӣ, 7220 метр ноқилу симҳои барқӣ насб карда шуда, 43 адад биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ рангубор, 47 адад даромадгоҳҳо ва 6 адад лифтҳо, 4107,0 м2 боми биноҳо ва 1769 метр қубурҳои обу ташноб таъмир ва иваз карда шуданд.

Сипас, Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд доир ба раванди пешгирӣ ва табобати бемории сироятии коронавирус «Covid - 19» дар шаҳр маълумоти муфассал дод.

Дар қисмати дуюми нишаст рӯзноманигорон ба шаҳрдор доир ба паҳлуҳои гуногуни фаъолияти мақомот, аз ҷумла вазъи имрӯзаи сироятшавӣ ба бемории короновирус, фаъолияти муназзами нақлиёти ҷамъиятӣ, иҷрои қоидаҳои пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ дар бозорҳои шаҳр, вазъи эпидемологию экологӣ, таъмини аҳолии маҳаллаҳои навбунёд бо оби тозаи нӯшокӣ, назорати реҷаи ниқобӣ, ғамхорӣ зоҳир намудан ба табибон, иқтидори кадрии беморхонаҳои шаҳр, бунёди майдончаҳои варзишӣ дар микроноҳияҳо ва ғайраҳо саволҳо дода, посухҳои муфассал дарёфт намуданд.

Дар анҷоми нишасти матбуотӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз раванди ҳамкориҳои судманд бо расонаҳо тавсиф намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки дар бартарафсозии камбудиҳои ҷомеа нақши рӯзноманигорон муассир буда, шаҳрдорӣ барои иртиботи доимӣ ва ҳалли мушкилот ҳавасманд аст.

Таъкид шуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд минбаъд низ бо дарки баланди масъулият, тамоми имкониятҳоро ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар самти корҳои ободониву созандагӣ ва таъмини зиндагии шоиста барои мардум сафарбар намуда, меҳнати софдилонаро сармашқи фаъолият қарор дода, барои рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳр саҳми босазо мегузорад.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар нишасти матбуотӣ намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Фаррух Мақсудзода ширкат намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд