(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altСубҳи имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз раванди бунёди як қатор иншооти сохтмонии шаҳри Хуҷанд шиносоӣ ба амал оварданд.

Нахуст аз раванди бунёди бинои маъмурии Кумитаи идораи замини шаҳри Хуҷанд, ки сохтмони он дар кӯчаи Рифъат Ҳоҷиев бомаром идома дорад, боздид карда шуд. Иттилоъ дода шуд, ки бино аз 5 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар ин ҷо асосан ҳуҷраҳои кории кормандони кумитаҳои идораи замини шаҳри Хуҷанд ва вилояти Суғд, сохторҳои тобъи он, аз ҷумла КФД «Бақайдгирии молу мулқи ғайриманқул, идораи «Аэрогеодезияи вилоят ва ғайраҳо ҷойгир карда мешаванд.

Корҳои асосии сохтмон анҷом ёфта, аллакай тирезаҳои бино насб карда шудаанд.

Бояд қайд намуд, ки сохтмони бинои мазкур соли 2016 оғоз ёфта, он то ба имрӯз марҳила ба марҳила сохта шуда истодааст ва барои сохтмони он 6 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Дар ошёнаи якуми бино хизматрасонии бо усули «Равзанаи ягона» пешбинӣ шудааст, ки барои сари вакт қабул ва баррасии муроҷиати шаҳрвандон вобаста ба замин мусоидат хоҳад намуд.

Роҳбари вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати анҷоми босифати корҳо тибқи ҷадвали тасдиқгардида ба пудратчиёни бино ва масъулини дахлдор машварату супоришҳо дод.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд