(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altИмрузҳо дар пешгоҳи ҷабҳаи мубориза бо бемории сироятии короновирус дар қатори табибону ҳамширагони шафқат, кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд, бахусус бонувон қарор дошта, дар ҷодаҳои гуногун софдилона бо амри дил ба мардум хизмат намуда истодаанд.

12 нафар бонувони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд ҳамарӯза дар ҷойҳои истиқоматии шаҳрвандони бемор ва дигар ашхоси осебпазир корҳои безараргардониро анҷом дода истодаанд. Онҳо имрӯз дарк намудаанд, ки дар шароити кунунӣ дар баробари мардон бо арҷ гузоштан аз касби интихобкардаашон бетараф набошанд ва қарзи имонию инсонӣ ва рисолати фарзандию шаҳрвандии худро дар вазъияти имрузаи барои ҳамагон ҳассос собитқадамона иҷро карда истодаанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд