(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altРаиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз раванди бунёди хонаи баландошёна, ки барои муҳоҷирони экологӣ пешбинӣ шудааст, боздид намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар маҳалаи 18-уми шаҳри Хуҷанд сохтмони бинои истиқоматиии 9 ошёна барои муҳоҷирони экологӣ бомаром идома дошта, аллакай 7 ошёнаи он ба итмом расидааст.

Бино бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бунёд гардида, аз 9 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Дар умум 72 манзили истиқоматӣ иборат аз 1,2,3 хуҷрагӣ бунёд мегардад. Ҳуҷраҳои бинои сохташаванда барҳаво буда, масоҳати якхонагии он 56 метри кв, духонагии он 93 метри кв ва сехонагии он 125 метри кв-ро ташкил медиҳад.

Қисмати асосии бино бунёд шудааст. Интизор меравад, ки бинои мазкур то охири соли ҷорӣ мавриди истифода қарор гирифта, муҳоҷирони экологӣ соҳиби манзили истиқоматӣ хоҳанд шуд.

Ҳамзамон дар ҳудуди бинои мазкур ҷойҳои фароғатӣ, аз ҷумла майдончаи варзишӣ барои бачагон пешбинӣ шудааст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулини дахлдор ҷиҳати босифат анҷом додани корҳо дастуру супоришҳо дод. Таъкид шуд, ки лоиҳаи бинои сохташаванда бо тарҳи муосир пешбинӣ гардида, дорои ҳуҷраҳои барҳаво ва дар макони мусоиди шаҳр ҷойгир карда шудааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд