(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати Раиси шаҳри Хуҷанд, раиси Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» Маъруф Муҳаммадзода, бо иштироки аъзои Ситоди шаҳрӣ ва муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ ҷаласаи навбатии ситоди мазкур баргузор гардид.

Дар ҷаласа нахуст дастуру супориши Ситодҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, вобаста ба самтҳои дахлдор масъулин барои иҷрои корҳо муваззаф гардиданд.

Сипас муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода маълумоти муфассал оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» ироа намуд. Таъкид шуд, ки рӯзҳои охир бинобар риоя нашудани қоидаҳои беҳдоштӣ ва дигар омилҳои хатарзо тамоюли афзудани бемории сироятии короновирус дар дар шаҳри Хуҷанд ба мушоҳида мерасад, ки ташвишовар гардидааст.

Раиси шаҳри Хуҷанд, раиси Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» Маъруф Муҳаммадзода таваҷҷуҳи ҳозиринро ба омилҳои хатарзои мавҷи дуюми бемории сироятӣ ҷалб намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки дар кишварҳои ҳамсоя мавҷи дуюми он хеле хатарнок арзёбӣ гардида, фавти зиёди сокинони ба мушоҳида мерасад. Имрӯз беморӣ шакли худро дигаргун намуда, таъсиррасонии хешро бештар кардааст, ки аксарият ба фавт оварда расонидааст.

Шаҳрдор гуфт, ки роҳи муҳими пешгирӣ аз ин беморӣ риоя намудани қоидаҳои беҳдоштӣ ва дигар муқаррароти Вазорати танудурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бекор намудани маҳдудиятҳо маънии комилан аз байн рафтани бемориро надорад. Кам шудани шиддати беморӣ дар шаҳри Хуҷанд бархе сокинонро хушҳол намуда, бидуни зарурат ва бениқоби гигиенӣ ба кӯча баромада истодаанд, ки боиси нигаронӣ шудааст. Ҳамчун дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бахусус бозорҳо ба чашм расидани анбуҳи одамон ки омили асосии сироятёбӣ маҳсуб мешавад дар вазъияти имрӯза хатарнок маънидод мегардад. Бояд масъулини ҳамаи соҳаҳо ҷиҳати ба корандозии маъакаҳои фаҳмондадиҳӣ фаъол бошанд.

Раиси шаҳри Хуҷанд ба сохторҳои дахлдори шаҳрӣ бахусус шуъбаву бахшҳои ҷавонон, занон, кор бо маҳаллаҳо, рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, фарҳанг, ҲХДТ дар шаҳр ва ғайраҳо ҷиҳати ҷоннок намудани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дастурҳо дода шуд.

Ба Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳр, хадамоти оташнишонӣ, шуъбаи ҳолатҳои фавқулода баҳри суръатбахшии корҳои безараргардонӣ супориш дода шуд.

Сардухтурони Марказҳои саломатӣ, Ёрии таъҷилӣ вазифадор карда шуданд, ки зимни муносибат бо беморон хайрхоҳ бошанд, доруву таҷҳизоти лозимаро захира намоянд.

Зайнура Азимӣ, муовини Раиси вилояти Суғд раванди корҳои тарғиботиву ташфиқотӣ ва маъракаҳои фаҳмондадиҳо дар шаҳри Хуҷанд қаноатбахш арзёбӣ намуда, аммо дар остонаи эҳтимоли сар задании мавҷи дуюми бемории короновирус ҷоннок намудани онро муҳим арзёбӣ кард. Зайнура Азимӣ чанд маконҳои эҳтимол сар задании бемориро номбар карда, бозорҳо ва макони баргузории маъракаҳоро аз хатарноктарин мавзеъҳо унвон намуд. Таъкид шуд, ки то ҳол дар бозор, тӯю маъракаҳо мардум бидуни риояи масофа ва бениқоб ҳозир шуда, хатари сироятёбии бемориро афзун намуда истодаанд. Ҳолатҳое ба қайд гирифта шудаанд, ки дар ин мавзеъҳои серодам як нафар то 15 нафарро сироят намудааст.

Ташкили ситодҳои кумитаи маҳаллаҳо барои пешгирии бемории короновирус муҳим дониста шуд, ки ҳамарӯза бояд ҷаласаҳои он бо иштироки табибон баргузор гардида, ба мардум моҳияти рияои қоидаҳои беҳдоштиро фаҳмонанд.

Ҳамзамон таъкид шуд, ки бояд аз ҳисоби хатмкунандагони муассисаҳои миёнаи касбӣ ва олии шаҳру мамлакат кадрҳои маҳаллӣ ҳамчун ёрдамчиёни табибони оилавӣ дар марказҳои саломатӣ ҷалб карда шаванд. Фаъолият намудани 3 нафар донишҷуёни коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд дар беморхонаи вилоятӣ тавсиф карда шуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд, раиси Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» Маъруф Муҳаммадзода бо вазифагузориҳо ба кори ҷаласа ҳусни анҷом бахшид.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд