(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таҳти роҳбарии Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода бо иштироки муовини аввали Раиси шаҳр, муовинони Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, мудирони шуъбаю роҳбарони сохторҳои воҳидӣ, раисони кумитаи маҳаллаҳои шаҳр машварати васеи корӣ баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода нахуст таваҷҷуҳи иштирокдорони ҷаласаро ба иҷрои дастуру супоришҳои ироанамудаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кориашон ба шаҳри Хуҷанд ва ифтитоҳи якчанд иншооти ҷашнӣ ҷалб намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки ифтитоҳи иншооти таъиноташ гуногун барои шаҳрвандон ҷойҳои нави корӣ ва шароити арзанда муҳайё намуд.

Зикр гардид, ки аснои сафари кории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хатҳои нави истеҳсолӣ дар ҶДММ «Сирдарё» ба кор андохта шуда, Маркази хизматрасонӣ дар микроноҳияи 13, кўчаи Рифъат Ҳоҷиев ва тақдими туҳфаҳо ба ятимон амалӣ гардид. Ҳамзамон иншооти муҳими аҳамияти иҷтимоидошта “Хатти обрасонӣ аз чашмаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба шаҳри Хуҷанд” марҳилаи аввали он “Таҷдид ва зиёд намудани иқтидорҳои истгоҳи №4” КВДК “Хуҷандобуканал” ва корхонаи дўзандагии «Суғдиён» бо 250 ҷойи корӣ, баъди таҷдиду азнавсозӣ дар маҳаллаи Темурмалики шаҳри Хуҷанд расман ифтитоҳ шуданд.

Гузашта аз ин дар чаҳорчӯбаи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Абдуҷаббор Раҳмонзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва Раҷаббой Аҳмадзода Раиси вилояти Суғд гузаргоҳи калонтарини зеризаминӣ бо нуқтаҳои савдо дар кўчаи Шарқи шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ гардида, аз фаъолияти коргоҳи навтаъсиси бофандагии “Косибон” ва ҶДММ «Муқим - 2016» боздид карда шуд.

Шаҳрдор гуфт, ки мо бояд пеш аз ҳама дар самти афзун намудани ҳаҷми истеҳсолоти ватанӣ ва ба ин васила кам намудани молҳои воридотӣ азм намоем. Ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иншооти таъиноташ гуногунро бо ҷалби маблағҳои буҷаи маҳаллӣ ва соҳибкорону ашхоси саховатманд бунёд намоем.

Сипас дар ҷараёни ҷаласа масъалаи марбут ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии нави короновирус баррасӣ гардида, бобати он сардори Марказаи назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд Эҳсон Саидов ахборот дод. Таъкид шуд, ки таҳдиди вабои умумиҷаҳонӣ– короновирус ҳанӯз аз сари инсоният дур нарафтааст. Балки мавҷи дуюми он, ки имрӯз кишварҳои минтақаро ба ташвиш овардааст, моро бетараф гузошта наметавонад. Таҳдиди хатарбори коронавирус ҳатто ба кишварҳои абарқудрат мисли Чин, ки аз пирӯзӣ ба ин беморӣ эълом дошта буд, имрӯз онро водор сохтааст, ки барои пешгирии мавҷи дуюми он чораҳои фаврӣ биандешад. Таъкид шуд, ки роҳи асосии пешгирӣ ва гирифтор нашудан ба коронавирус худмаҳдудкунӣ ва эҳтиёткорӣ аз ҷониби худи шаҳрвандон мебошад. Вақте ки чораҳои худэҳтиёткунии мардум, яъне бастани ниқоб ва тоза собуншӯ кардани дасту рӯ ва дигар чораҳо андешида шуданд, ҳолати гирифториҳо ба ин бемории хатарнок кам мегардад.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз риоя нашудани реҷаи ниқобӣ дар шаҳр изҳори нигаронӣ намуда, онро хатари ҷиддӣ ба шаҳрвандон унвон намуд. Таъкид шуд, ки бояд ҳамагон ҳамарӯза ҷиҳати фаҳмонидани моҳияти риояи қоидаҳои беҳдоштӣ тибқи тавсияҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъол бошанд, бахусус нақши раисони кумитаҳои маҳаллаҳо, фаъолон, омӯзгорон дар ин раванд хеле мухим аст. Ҳамзамон ҷиҳати захираи маводи поккорӣ, захираи дусолаи ғизо ва ҷоннок намудани корҳои безараргардонӣ дастуру супоришҳо дода шуд.

Маъруф Муҳаммадзода дар анҷоми ҷаласа таваҷҷухи масъулинро ба корҳои омодагӣ ба зимистонгузаронӣ, тақвияти фаъолияти соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҷавонон, варзиш, ободонӣ, тадбирҳои 30 солагиии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иншооти бунёдшаванди ҷашнӣ ва ғайраҳо ҷалб намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки ки бояд масъулини дахлдор ҷиҳати сазовор истиқбол намудани иду ҷашнҳои дар пешистода бо дастовардҳои назаррас ва иқдомҳои ободкорӣ сайъ намоянд. Бунёди майдончаҳои варзишӣ дар маҳаллаҳои шаҳр, омодагӣ ба мавсими гулу дарахтшинонӣ, тақвияти фаъолияти кормандони сохторҳои ободонӣ аз вазифагузориҳои муҳими ҷаласа буд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд