(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо мақсади ҳифзи ёдгориҳои табии давлатӣ бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд атрофи дарахти Тути сафед, ки дар мавзеъи бозори марказии "Панҷшанбе" воқеъ аст, корҳои ободонӣ гузаронида шуд ва ҷиҳати огоҳии бештар аз тути 900 сола муарриффиномаи он насб ва баҳри осеб нарасидан атрофаш панҷарабандӣ карда шуд.

Чароғоннамоии тути 900 сола шомгоҳон таваҷҷуҳи ҳар як бинандаро ба худ ҷалб месозад.Ин иқдоми шоиста барои муаррифии тоза ва ҷалби бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ мусоидат хоҳад намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд