(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо мақсади истиқболи сазовори ҷашнҳои Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарӯза корҳои ободонию созандагӣ дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд вусъати тоза касб кардааст.

Дар ин росто ҳар ҳафта рӯзҳои истироҳат дар тамоми маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд гузаронидани ҳашарҳои дастҷамъона ба ҳукми анъана даромадааст. Дар рӯзҳои истироҳатӣ сокинони маҳаллаҳо ва кормандони идораву ташкилоту муассисаҳо ба ҳашар баромада, барои тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбон ва маҳалли зисти худ корҳои назаррасро ба анҷом мерасонанд.

Аз ҷумла, дар шоҳроҳи Душанбе – Ҷаноқ, минтақаи хиёбони Истиқлол чунин ҳашари дастҷамъона гузаронида шуда, заминҳои шафати роҳи мазкур аз алафҳои бегона ва партовҳо тоза карда шуданд.

Аҳли маҳаллаи Шарқи шаҳр низ якҷоя баҳри ободу хуррамнамоии ҳудуди маҳаллаашон саҳмгузорӣ намуданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки баргузор намудани чунин ҳашарҳои дастҷамъона барои боз ҳам назаррабо гардидидани Хуҷанди бостонӣ мусоидат намуда, зиндагии сокинонро файзу сурур мебахшад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд