(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо мақсади тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии пандемияи короновирус дар шаҳри Хуҷанд 10 гуруҳҳои тарғиботиву ташвиқотӣ бо ҷалби мақомоти соҳаи тандурустӣ, ҳифзи тартибот, ҷавонон, занон, маориф, азҳоби сиёсӣ ва ғайраҳо таъсис дода шуданд, ки ҳамарӯза дар бозору кошонаҳои ҳусн, марказҳои савдо, ошхонаҳо, боғҳои истироҳатӣ ва марказҳои хизматрасонӣ бо мардум доир ба иҷрои тавсияҳои табибон баҳри пешгирии бемориҳои сироятӣ корбариро вусъат мебахшанд.

Зайнура Азимӣ, муовини Раиси вилояти Суғд қабл аз сафарбарии гуруҳҳои тарғиботӣ аз ҷумла таъкид дошт, ки шиддати сироятёбӣ ба COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон коҳиш ва аксарияти беморон шифо ёфта, ба зиндагии муқаррарии худ баргштанд. Вале ин маънии аз байн рафтани бемориро надорад. Ва ҳар лаҳза хуруҷи дигарбораи беморӣ аз эҳтимол дур нест. Мутаасифона бархе шаҳрвандон то ҳол оқибати ин бемории сироятиро дарк накарда, ба мушкилоти печидаи пандемия руба рӯ мешаванд. Набояд шаҳрвандон ба саҳлангорӣ роҳ диҳанд, зеро саломатии ҳар нафар дар дасти худи ӯст. Мо ҳамагон мардумро баҳри риоя накардани тавсияҳои мутахассисон насиҳат намоем ва ҳидоят кунем, ки онҳо низ барои солимии худ ва аҳли оилаашон масъулият ҳис кунанд. Шояд барои баъзеҳо риоя намудани қоидаҳои беҳдоштӣ ва тартиботи муқарраргардида камее мушкил бошад, лекин чӣ илоҷ, бо ҳар роҳе набошад, бояд риоя намуд. Минбаъд ба хотири ҳифз намудани саломатии худу атрофиён аз пештара дида бештар масъулиятшинос бошем. Яъне дар тозаву озода гаштану зиндагии шоиста намудан, дар нармгуфториву хушсуханӣ, дар баҷоории эҳтирому дастгирии ҳамдигар, дар ҳалолкориву дар меҳнатдустӣ ва дигар корҳои шоиста намуна барои якдигар бошем.

Сипас гуруҳҳои таъсисшуда ба бозору кошонаҳои ҳусн, марказҳои савдо, ошхонаҳо, боғҳои истироҳатӣ ва марказҳои хизматрасонӣ сафарбар гардида, доир ба пешгирии бемории сироятии короновирус корҳои фаҳмондадиҳиро анҷом дода, ниқобу варақаҳои тарғиботӣ тақсим намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд